Генерал
Генера́л (олмонӣ: General, аз лот. generālis — кулл, умум, сарвар) — дараҷаи низомӣ ё рутбаи шахси роҳбарикунандаи қувваҳои мусаллаҳ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон.
Маъмулан дар неруи заминию ҳавоӣ ба кор меравад. Ин рутба аввалин бор садаи XVI дар Фаронса пайдо шуд. Дар Русия то инқилоби соли 1917 рутбаҳои генрал-лейтенант, генрал-фелдмаршал, генрали инфентария (лашкари пиёда), лашкари савора, артиллерия, муҳандис-генерал вуҷуд доштанд. Дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 7 майи 1940 чунин рутбаҳои генралӣ муқаррар шуданд: генрал-майор, генрал-лейтенант, генрал-полковник, генрали артиш (барои фармондеҳони қӯшунҳои умумӣ).
Дар артиши Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз замони шӯравӣ ин рутбаҳо муқаррар шудаанд. Рутбаи генрал дар кишварҳои ҷаҳон бо номҳову дараҷабандиҳои гуногун дида мешавад. Мас., дар Эрон онро «артишбуд» меноманд ва болотарин дараҷаи ҳарбӣ аст.
Дар артиши ИМА рутбаҳои генрали бригада, генрал-майор, генрал-лейтенант, генрали артиш; дар Фаронса — генрали бригада, генрали дивизия, генрали корпус, генрали артиш.
Дар ҶФО генрал аз лиҳози мартаба чаҳорум аст (пас аз генрали бригада, генралмайор ва генраллейтенант). Дар Лаҳистон низ Г. аз соли 2002 мақоми чаҳоруми баланд мебошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генерал // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.