Jump to content

Забони уйғурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Забони уйғурӣ
Номи қавмӣ уйғӯрӣ ئۇيغۇر
уйғӯрӣ ئۇيغۇر تىلى
уйғӯрӣ ئۇيغۇرچە[1]
Кишварҳо
Шумораи умумии гӯишварон
Таснифот
забонҳои туркӣ
забонҳои туркии ом[d]
Karluk[d]
Eastern Karluk[d]
Забони уйғурӣ
Хат скрипти арабӣ[d], алифбои сирилик ва Алифбои лотинӣ
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 уйг 715
ISO 639-1 ug
ISO 639-2 uig
ISO 639-3 uig
WALS uyg
Ethnologue uig
ABS ASCL 4305
IETF ug
Glottolog uigh1240
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони уйғурӣ (уйғ. ئۇيغۇر تىلى ,ئۇيغۇرچە, Уйғурчә, Уйғур тили) — забони мардуми уйғур аст, ки дар Туркистони Шарқӣ воқеъ дар ғарбӣ Ҷумҳуриии Халқии Чин, дар ноҳияи худмухтори Синкёнг зиндагӣ мекунанд.

Истилоҳ таърихии уйғур, ки ба сокинони туркзбони Синкёнг ва забонашон итлоқ мешавад, дар даҳаи 1920 мелодӣ дар пай миллигароии навин ба вуҷуд омад. Қабл аз он, истилоҳ «туркӣ» мутадовил буд, ки наздикии ин забонро бо узбакӣ (ки он истилоҳ низ навзуҳур аст ва имрӯза ҷойи истилоҳ «туркӣ»-ро дар Узбакистон гирифта) беҳтар баён мекард. Баъд аз инқирози забони ҷағатоӣ, забони уйғурӣ ва забони узбакӣ дар манотиқе, ки забони ҷағатоӣ суҳбат мешуд, тавсеъа пайдо карданд. Имрӯза забони уйғури дар натиҷаи реша гирифтан аз забон ҷағатоӣ, шомили вомвожаҳои фаровоне аз забони форсӣ аст[10].