Jump to content

Зафар Нозим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Нозим
Зафар Нозимов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 2 июн 1940(1940-06-02)
Зодгоҳ деҳаи Сақови собиқ ноҳияи Ҳоит, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 3 август 2010(2010-08-03) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон— 1974 Ордени Шараф

Зафар Нозим (2 июни 1940, Ҳоит, водии Рашт, ҶШС Тоҷикистон — 3 августи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (2002), дорандаи Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон (2009)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зафар Нозим 2 июни соли 1940[2] дар деҳаи Ҳоити водии Рашти Тоҷикистон дар хонаводаи як сокини одӣ ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни XX ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шуҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд.

Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории «Ганҷина» буд. Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбари аввалинаш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим буд, ансамбли мазкур алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта, санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд[3].

Барномаи ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон (афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 100 суруд (ба ашъори классикони адабиёти гузашта ва муосир): «Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон», «Васфи Тоҷикистон» ва ғайра.

Бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва мамолики хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Югославия, Олмон, Австрия, Ҳиндустон ва ғайра) сафарҳои эҷодӣ дошт. Устоди чандин сарояндагони боҳунар аст.

Беморӣ ва даргузашт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зафар Нозим 3 августи соли 2010 бар асари як бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт. Ӯ аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки садҳо сарояндагонро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт

Ҷоизаву ифтихорот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва дар замони истиқлоли Тоҷикистон ва бо дигар шудани ҳукумат барои талошу кӯшишҳояш дар пешрафти ҳунару фарҳанг бо нишонҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», «Ситораи Президент»[1] ва унвони пурифтихори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф шудааст[4].

  1. 1.0 1.1 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 июни 2009).(пайванди дастнорас)
  2. Зафар Нозим | TojNews. tojnews.tj. 1 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июни 2016.
  3. Даргузашти устод Зафар Нозим — Радиои Озодӣ
  4. Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ». КОРВОНИ СУРУДИ ЗАФАР БА ДУРОДУР РАВОН АСТ - РӮЗГОР. www.ruzgor.tj. 2 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 май 2017.
  • Ромишгари мумтоз зиндагиномаи Зафар Нозим / Таҳияи С. Анварӣ ва дигарон. — Душанбе: СИ ЭМТ, — 2000.