Зебоишиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зебоишиносӣ (форсӣ: زیبایی‌شناسی‎), илми ҷамол (ар. فلسفة الجمال‎), эсте́тика (олмонӣ: Ästhetik, аз юн.-қад. αἴσθησις) — яке аз илм­ҳои фалсафӣ; мавзӯи таҳқиқи он шинохти зебоӣ, дарку ташхис ва таҳлилу тавсифи илмию фалсафии кулли олами ҳастӣ ва фаъолияти хосси инсону ҷомеа аз дид­гоҳи арзишшиносӣ аст.

Мафҳум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мафҳуми «эстетика»-ро бори нахуст донишманди олмонӣ А. Баумгартен дар миёнаи ас­ри 18 ба илм ворид кард, ҳарчанд ақидаҳои зебоишиносӣ аз даврони бостон инҷониб дар шакли пароканда вуҷуд доштанд. Диду завқи зебоишиносӣ ва зебоиписандӣ ва пажӯҳиши он ба ташаккули шуури инсонӣ ва худшиносии ӯ вобастагӣ дорад. Инсони ибтидоӣ ба воситаи нақшу суратҳои рӯи сангҳо, пай­ка­расозиҳо, рақс, тақлид ба ин ё он овози ҳайвон ва ё па­дидаҳои табиӣ ҳам худашро меомӯхт ва ҳам олами ҳас­тиро дарк мекард, мушоҳидаву хулосаҳои хешро ба ҳам­қа­билагонаш хабар медод. Дар ҳамин фазо инсон шуури худро такмил дод, забони гуфтугӯӣ ихтироъ кард, фаҳ­ми­ши мантиқӣ, дониш, сураткашӣ, рақс, овозхонӣ ва ғ-ро ба вуҷуд овард. Инкишофи ақлии инсон ӯро дорои табъу завқ кард ва боис шуд, ки қобилиятҳои инсонӣ ма­қом ва вазифаҳои дигар, яъне зебоишиносӣро касб кунанд. Ақида­ҳои зебоишиносӣ тавъам бо ҷаҳонбинии устуравӣ, динӣ, натур­фал­сафӣ ва минбаъд фалсафию илмӣ рушду нумӯ кардаанд.

Зебоишиносӣ бо ҳамаи илмҳои муосир, аз ҷумла фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ, равоншиносӣ, таърих, санъатшиносӣ, ҷам­ъи­ят­шиносӣ, педагогика, диншиносӣ, мардум­шино­сӣ, сиёсатшиносӣ ва ғ. дар иртиботи зич қарор дошта, барои таҳқиқу пажӯҳиши паҳлуҳои гуногуни олам, хусусан дар шинохти зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), шукӯ­ҳмандӣ, назокат, латофат, хушгилӣ, мавзунӣ, номавзунӣ, фоҷиа, мазҳака ва амсоли ин сифату арзишҳо ба мо ёрӣ мерасонад.

Мақулаҳои зебоишинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақулаҳои асосии зебоишиносӣ – зебоӣ, хубӣ, фоҷиа, мазҳака, волоият, безебӣ, ҳунар, бузургӣ, шаҳомат, ис­теҳ­зо, латофат ва амсоли инҳо мебошанд, ки ҳар кадом тибқи кол­бадҳои маънавии хеш падидаҳои олами ҳастӣ ва фаъолияти инсону ҷомеаро дар ягонагиву ҳамбастагии якдигарӣ таҳқи­қу баррасӣ мекунанд.

Навъҳои мақулаҳои зебоишинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақулаҳои зебоишиносӣ ба 12 навъи мухталиф гурӯҳбандӣ шудаанд:

  1. Шинохти зебоишиносии олам
  2. Шинохти ҳунар ва санъат
  3. Шинохти ҷомеа ва ҳунар аз диди зебоишиносӣ
  4. Шинохти зебоишиносии инсон ва ҳунар
  5. Арзишшиносии зебоишиносӣ
  6. Моҳият ва сохтори асари бадеӣ
  7. Ма­қом ва саҳми шахсият дар фарҳанги зебоишиносӣ ва ҳунар.
  8. Шинохти фарҳанги бадеӣ аз нигоҳи зебоишиносӣ
  9. Раванди эҷоди бадеӣ
  10. Шинохти завқу дарки зебоишиносӣ
  11. Равоншиносии зебоишиносӣ ва ҳунар
  12. Тақсимбандии намуди ҳунарҳо

Назарияи маърифати зебоишинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Назарияи маърифати зебоишиносӣ дар чорчӯби сохти таркибии шуури зебоишиносӣ асос ёфтааст. Сохти таркибии шуури зебоишиносӣ аз рукн­ҳои зерин иборат аст: ҳиссиёти зебоишиносӣ, мушоҳидаҳои зебоишиносӣ, дарки зебоишиносӣ, завқи зебоишиносӣ, мулоҳизаи зебоишиносӣ, нақди зебоишиносӣ, ормони зебоишиносӣ Шуури зебоишиносӣ бо фаъолияти он алоқаманд буда, дар раванди фаъолият бо афзудани таҷрибаву малака шакл ва мундариҷаи худро такмил медиҳад. Зебоишиносӣ ҳамчун як бахши фалсафа дорои қонуният ва усули омӯзиши хосси фалсафӣ мебошад. Қонунҳо ва мафҳумҳои зебоишиносӣ дар маҷмӯъ тарзи азхудкунии зебоишиносӣ ва бадеияти оламро дар худ инъикос менамоянд. Қо­нунҳои зебоишиносӣ раванд, муносибат ва алоқамандии моҳият­ҳову падидаҳоеанд, ки маъмулан такрор меёбанд, нисбатан ус­туворанд, нишондиҳандаи воқеии паҳлуҳо ва хусу­сият­ҳои мухталифи фаъолияти зебоишиносии инсон мебошанд. Ин қо­нунҳо бо қонунҳои фалсафа ва фарҳангшиносӣ, равон­ши­носӣ, ҷамъиятшиносӣ дар иртиботанд.

Қонунҳои зебоишинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Метақонунҳо ё сарқонунҳои фаъолияти зебоишиносӣ, ки фаъолияти муҳимми инсон ва ҷомеаро дар мавриди шинохти зебоишиносии олами моддӣ ва маънавӣ ифода мекунанд. Фаъолияти зебоишиносӣ тибқи ин метақонунҳо дорои чунин хусусиятҳои умумист: а) мутобиқ шудан ба меъёр ва табиати дохилии ашёи азхудшаванда; б) ҳадафи асосӣ – тавлиди арзишҳои волои умумибашарӣ, арзишҳои устувору абадӣ; в) дорои таъсири иҷтимоӣ.

2. Қонуни ҳунар ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ. Ҳунар ё санъат: а) ба вазъи иқтисодӣ вобаста аст; б) дар муносибат бо иқтисодиёт мустақилияти нисбӣ дорад; в) раванди ҳунар таърихӣ аст; г) дар ҷомеаи синфӣ хусусиятҳои синфӣ, миллӣ, ғоявӣ, динӣ ва дунявӣ касб мекунад; д) бо олами ҳастӣ таъсири мутақобила дорад: олами ҳастӣ мудраки инъикос ва манбаи илҳоми ҳунарвар аст. Ҳунарманд ҳам ҳастиро аз ҳар нигоҳ, бахусус аз диди зебоишиносӣ, меомӯзаду худ низ ташаккули маънавӣ меёбад, ҳам бо асарҳои хеш ба шуури хонанда, шунаванда ва бинанда таъсир расонда, дар беҳбудии муҳити атроф ва табиат саҳм мегузорад.

3. Қонунҳои эҷоди асарҳои бадеӣ. Зебоишиносиро ҳамчун фалсафаи ҳунарҳои зебо (санъат) низ медонанд. Зебоишиносӣ ба масъалаҳои умумии тафаккури бадеӣ са­ри кор дорад. Эҷодкорӣ ҳамчун зинаи олии зебоишиносӣ ва зебои­дӯстдории инсон яке аз падидаҳои мураккаби ақливу равонӣ буда, намунаи олитарини қобилиятҳои инсонист. Маҳз ҳамин табиат байни инсон ва олами набототу ҳай­вонот фарқ мегузорад. Асарҳои илмию адабӣ ва ҳунарӣ дар баробари мазмуни иҷтимоӣ ва фалсафӣ сифату хосияти зебоишиносӣ низ доранд, зеро дар онҳо масъалаҳои баррасишаванда аз дидгоҳи арзишҳои ахлоқию зебоишиносии шахс, қавм, миллат ва аҳли башар дар шакли бадеӣ тавъам инъикос меёбанд. Тамоми пешрафти ҳунари башарро аз замони бостон то имрӯз ҳамчун таърихи рушду ивазшавии наза­рия­ҳои бадеию зебоишиносӣ муаррифӣ кардан равост.

4. Қонунҳои раванди фарҳанги бадеӣ: а) диалектикаи рушди таърихии ҳунар, ки ҷараёни инкишофи дохилии таъсири мутақо­били ҳунарҳоро байни худ инъикос мекунад; б) хусусияти раванди фарҳанги бадеӣ; в) тақсимбандии ин раванд ба марҳилаҳои муайяни таърихӣ; г) алоқамандии ин раванд бо раванди кулли фарҳанги бадеии ҷаҳонӣ.

5. Қо­нунҳои дарки бадеӣ. Раванди дарки бадеӣ хусусият­ҳои худро дорад. Дарки бадеӣ аз эҳсосот, маърифат ва андешаи зебоишиносӣ иборат буда, яке аз рукнҳои муҳимми иртиботи ҳу­нар ва инсон ба ҳисоб меравад. Дарки бадеӣ дар маҷмӯъ ҳаловати зебоишиносӣ бахшида, шахсро дар татбиқи ормон­ҳои инсондӯстӣ фаъол менамояд.

Ақидаҳо ва таълимоти зебоишиносии мардуми эронитабор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ақидаҳо ва таълимоти зебоишиносии мардуми эронитабор, бахусус миллати тоҷик, таърихи хеле қадима дошта, фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо, дар баробари шакли ус­туравӣ ва динӣ доштанаш, мазмуни ҳикматдӯстдорӣ, зебоишиносӣ ва зебоиписандиро касб кардааст. Дар баробари рушди анвои ҳунарҳои қадима (ба мисли меъморӣ, пайкарасозӣ, нақшу нигораҳои деворӣ, санъати ороишӣ) сухани бадеӣ, сухани шоирона мавқеи хосси шинохти зебоӣ ва зебоишиносӣро интихоб карда буд. Дар даврони бостон барои мардуми тоҷик (эронитаборон) мушоира яке аз воситаҳои маърифати зебоишиносӣ буд. Дастаҳои мухталиф бо ҳам рақобат мекарданд ва дастаи ғолиби озмун дар давоми як сол бо ғизову дигар маҳсулоти ниёзи зист таъмин мешуд. Мардуми Эрони Бостон шоиронро ба ҳайси паёмбар эҳтиром мекарданд. Дар он даврон мардуми мо аз «ҳаома» – гиёҳе, ки қиёми он ба инсон рӯҳи эҷодгарию зебоишиносӣ мебахшид, истифода мебурданд.

Дар матнҳои Авесто[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар матнҳои Авесто зебоишиносӣ ва зебоиписандӣ дар муборизаи бадиву некӣ, рӯшноиву торикӣ, аҳуромаздоиву аҳри­манӣ, зебоӣ ва безебӣ нишон дода шудааст. Ҷаҳони кабир (Аҳура Маздо) ва Ҷаҳони сағир (Анграмайню) низ дар ҳамин муқобилгузории зебоишиносӣ дарк мешуданд. Дар Авес­то тасвири Аноҳита аз шинохти баланди зебоӣ ва зебоишиносӣ дош­тани мардуми мо дарак медиҳад: «Он гоҳ Ардвисура бо пайкараи дӯшизаи зебо, барӯманд, камар бар миён баста, ростболо, озода, нажода, бузургвор, мӯзаҳои заррин дар по ва бо зеварҳои бисёр ороста равон шуд... Барсам (шохаи дарахти хушбӯ) бар даст гирифта, гӯшвораҳои заррини ҷаҳоргӯшае аз гӯшҳо овехта ва гарданбанде бар гардани нозанини хеш баста, намоён мешавад...». Пурсида мешавад: «Чаро гузаштагони мо китоби муқаддаси худ – Авесторо ба шакли назми қофиядор таълиф кардаанд?» Посух гуногун аст, вале як сабаби бисёр муҳим он аст, ки ниёгони мо зебоидӯсти хуб буда, ҳисси зебоишиносии баланд дош­таанд. Зебоишиносӣ дар сифатҳои оливу симои зебо ва неруҳои неки маздоӣ – некӣ, ростӣ, рӯшноӣ, пешвоӣ, доноӣ, шу­ҷоату тавоноӣ, нерумандиву қавииродагӣ, ростқавливу сахигӣ, ростболоӣ, чашмони рӯшан, бозувони тавоно, дар чеҳра ва хусусиятҳои беҳтарини одамӣ ё сифатҳои беҳ­тарини ҳайвоноти аҳлӣ ва судманду безарар баён шудааст. Зебоишиносии ниёгони мо инчунин дар тасвири неруҳои аҳри­манӣ, бадиву безебӣ – девҳо, дурӯғгӯӣ, бадӣ, табаҳ­корӣ, маккорӣ, ҷодугарӣ, тасвиру ташбеҳи ҳайвоноти зарарнок ва мах­лу­қоти аҳриманӣ, чашмони хира, хушк­солӣ, бе­мо­риҳои сирояткунанда ва амсоли инҳо таҷассум ёфтааст.

Даврони ҳукмронии Ҳахоманишиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Даврони ҳукмронии Ҳахоманишиён (550–330 то м.) яке аз муҳимтарин марҳилаи зебоишиносии эрониён ба шумор меравад. Осори аз ин даврон боқимонда, бахусус кохи Тахти Ҷамшед – пойтахти Ҳахоманишҳо, ки 200 сол обод будааст, на танҳо аз азамати беназири ҳукмронии онҳо, балки аз шукуфоии ҳунармандӣ, бунёди кохҳои бошаҳо­мат ва маърифати баланди зебоишиносии мардуми эронӣ шаҳодат медиҳанд.

Марҳилаи дигари зебоишиносии мардуми ориёӣ «давраи ҳелли­нӣ» унвон дорад, ки моҳияташ тавъам омадани суннат­ҳои фарҳангҳои юнонӣ ва эронӣ мебошад. Дар шаҳрҳои Эронзамин сохтани тарзи юнонии биноҳо, ҳайкалта­ро­шӣ, сиккасозӣ, санъати тасвирӣ, кулолгарӣ ва ғ. авҷ гирифт. Марҳилаи дигари рушди зебоишиносӣ давраи Кушониён мебошад. Дар ин давра бо сабаби гуногунандешии ғоявию мазҳабӣ динҳои зиёд густариш ёфтанд. Дар ҳамин замина ҳунарҳои зебо ва зебоишиносӣ низ рӯ ба тараққӣ оварданд. Бахусус рушд ва камолоти санъатҳои меъморӣ, рассомӣ, му­ҷас­самасозӣ, наҷҷорӣ, санъати ороиши толорҳо ва ҳам санъатҳои хурд, ба мисли рассомӣ, заргарӣ, кулолӣ ва ғ. назаррас буд. Тибқи маълумоти бостоншиносон, дар мин­тақаи Афғонистони имрӯзӣ ва ҷануби Осиёи Миёна намунаи санъати ҳайратовар ёфт шудааст, ки таҷас­сум­гари анъанаҳои санъати маҳаллӣ ва ҳеллиниву румӣ будааст.

Монӣ ва монавиён бо истифода аз ҳунарҳои зебо, бахусус санъати тасвирӣ, писанди қишрҳои васеи ҷомеаи ҳамонвақта, бахусус аҳли камбизоат ва косибону ҳунар­ман­дон гардиданд. Аз нигоҳи зебоишиносӣ, даврони Сосониён шо­ҳи­ди арзандатарин дастовардҳои тамаддуни эронӣ буда, сулолаи онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои Ҳахома­ни­шиён саҳми беназир гузошт. Маҳз давлатдории сосонӣ барои ҳунармандону санъаткорон ва меъморони бумӣ фазои муносиб фароҳам овард, ки онҳо ғояи зебоиписандию зебоишиносии ашрофию дарбории Ҳахоманишиёнро дар му­ҷас­самаҳои баланди Бесутун, бунёди кохҳо, нигораҳои деворӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва амсоли инҳо дар сатҳи волои завқу касб эҳё карданд. Мавзӯъ ва мундариҷаи асосии асарҳо дар ин намудҳои ҳунар пойдории дини эронӣ, тасвиру васфи Аҳура Маздо, Аноҳита, Митра ва амсоли инҳо буд. «Сӣ лаҳн»-и Борбад ба васфи шоҳон ва паҳ­лавонон – қаҳрамонони ҷанги зидди румиён ва ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз бахшида шудааст. Завқу ма­ҳо­рати сан­ъат­гарони сосонӣ беш аз ҳама дар филизкорӣ назаррас буд. Зарфҳои симину заррин ё рехтагаришуда бо филиззоти ранга, гоҳе ба шакли ҷонварон ва парандагон, бо маҳорати касбии баланди ҳайратовар сохта шудаанд. Сан­ъатгарон дар сохтани зарф аз услубҳои мухталиф истифода мекарданд. Нақшмояҳо ғолибан аз тасвири Аҳура Маздо, Аноҳита ва Митра иборат буданд. Абрешимбофӣ тавассути шоҳони сосонӣ дар Эрон роиҷ шуд ва матоъи абрешимии эронӣ ҳатто ба бозорҳои Аврупо роҳ ёфт. Дар санъати гулкориву ороишии сосонӣ ҳунарварон ғо­ли­бан нақши ҷонвару парандагон ва гиёҳҳоро дар тасвири маъмулии рӯ ба рӯ ё пушт ба пушти шабеҳи якдигар истифода мебурданд. Рамзи дарахти асурӣ бо тарзҳои мухталиф, вале ҳамоҳанг бо сабки гулкориҳои сосонӣ таҷассум ёфтааст. Баъдтар дар даврони ислом, сулолаи Сафавиён ҳамин ташаббуси зебоишиносии Сосониён, бахусус расму оини ҷашнҳои дарбориро тақвият доданд.

Зебоишиносӣ дар замони ислом[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо пирӯзии ислом Эронзамин бахше аз ҷаҳони ислом шуда, дар шаклгирӣ ва таҳаввули фарҳанг ва зебоишиносии исломӣ нақши муҳимро иҷро кард. Дар оғози садаи X ва чанд асри дигар абармардоне, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ ва дигарон, баҳри дифои асолати фарҳанг ва тамаддуни эронитабор бархостанд. Маҳз дар ҳамин даврон дар минтақа фазои эҳёгарии эронӣ падид омад, ки ин падидаро баъзе аз пажӯҳишгарон Эҳёи эронитаборон ё Эҳёи Аҷам ном гузоштаанд. Дар ин замон дастовардҳои барҷастаи пешини эрониён, бахусус анъанаи ҳунару зебоишиносии Сосониён идома ёфт. Дар Фарҳангистони Маъмун олимони забардасти замон – Абурайҳони Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абулхайри Хаммор ва дигарон барои рушди фарҳанги зебоишиносии он давр заминае сохтанд; бо дастовардҳои бумиву мероси ақлии Юнону Руми Қадим барои рушду нумӯи тамаддуни навини даврони исломӣ камар бастанд. Ин мутафаккирон назарияҳои озодандешиву инсонгароиро низ бо тарзи хеш аз диди зебоишиносӣ ироа кардаанд. Мас., Ибни Сино аз мавқеи фалсафаи машшоъ таълимоти сирф фалсафиро доир ба зебоишиносӣ дар шакли пароканда пешниҳод кардааст, ки он­ро зимни муҳтавои таълимоти умумии файласуф мебояд ҷуст. Шайхурраис дар осори худ дар бораи фаҳмиши масъалаҳои мубрам ва калидии зебоишиносӣ арзи ақида карда, ро­ҷеъ ба ҳастӣ ва назарияи маърифати зебоишиносӣ, табиати диди зебоишиносӣ, мақула ва мафҳумҳои калидии роиҷи замон – зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), эҷоди бадеӣ, илҳом ва ҳадс, мақулаҳои зебоишиносӣ, мақоми шеър нигоҳи хосса пешниҳод намудааст. Мав­зӯи марказии андешаронии ҳаким робитаи сабабият ва натиҷа мебошад. Сабабият (дар симои Офардигор) аз диди Ибни Сино ҳастии асл ва олами воқеӣ судури ин ҳас­тӣ мебошад. Тибқи ин нигоҳ, метавон зебоии мут­лақро дар сабабият ёфт; он дорои унсурҳои «мавзунӣ», «ҳамоҳангӣ», «мутаносибӣ», «ваҳдат» ва унсурҳое мебошад, ки минбаъд олимони зебоишинос онҳоро ҳамчун сифатҳои бунёдии идеали зебоишиносӣ ва зебоӣ донистаанд. Тибқи таълимоти Ибни Сино, дарки ҳастӣ барои ҳайвон ба ҷуз ҳисси ирсӣ чизи дигаре эҷод намекунад, вале барои инсон ҳастишиносӣ заминаи ҳавасмандонаи нафсию ақлӣ дорад. Аз ин рӯ, шинохти зебоӣ ва зебоишиносӣ барои инсон бетафовут нест. Зебоие, ки ба сабабият наздик аст, дорои ҳус­ни мавзун, латиф, мутаносиб ва комил мебошад; ҳар падидаи зебо, ки ба асл наздик аст, нотакрору беҳамтост. Инсоне, ки сабабиятро донистан мехоҳад, бояд зебоии асилро шиносад. Маҳз ҳамин таъкиди асливу ноаслии зебоӣ барои тамаддуни кунунии башар бисёр муб­рамия­ту аҳаммияти хосса дорад. Мутаассифона, тамаддуни ку­нунӣ, ки дар заминаи бозориву индустриалӣ рав­нақ меёбад, арзишҳои зебоӣ ва зебоишиносӣро аз байн бурда, сабаби паст шудани завқи зебоишиносии мардум гардидааст; қисми зиёди мардум рӯ ба падидаҳое овардаанд, ки дар асл арзиши зебои­писандӣ надоранд, аз фарҳанги асил дуру назарфиребанд.

Дар бораи таълимоти фалсафию зебоишиносии Рӯдакӣ, Фир­давсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар имрӯзҳо танҳо пажӯҳишҳои пароканда вуҷуд доранду бас. Дар бораи назария ва амалияи зебоишиносии даврони ислом то ҳанӯз асарҳои бунёдӣ кам ба назар мерасанд. Ҳарчанд роҷеъ ба бархе намудҳои фарҳанги бадеию назариявии тасаввуф, санъати китобороӣ, хат­тотӣ, минётура, меъморӣ, мусиқӣ, нақшу нигор (орнамент), фарҳанги либоспӯшӣ ва ғ. пажӯҳишҳои ҷолиб ан­ҷом дода шудаанд, аммо ҳамаи ин падидаҳо аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ва зебоишиносӣ ба таҳлили умумӣ ниёз доранд. Дар даврони ислом таърихи зебоишиносии форс-тоҷик дар мавриди такмили тафаккури зебоишиносӣ саҳифаҳои ҷолибе дорад. Мас., дар ислом тасвири Офаридгор дар намуди муҷас­сама ва уқнум манъ аст. Ҳунарҳое, ки дар аввал ислом эътироф кард, меъморӣ ва наҷҷорӣ ё мунаббаткорӣ буданд. Дар ин гурӯҳ мусиқӣ, мавъиза (хитоба) ва қироати Қуръон шуҳрат ёфт. Бо мурури замон дар чорчӯби фарҳанг ва санъати исломӣ санъати китобороӣ, санъати тасвирӣ (мин­ё­тура), мусиқӣ, меъморӣ, санъати ороишӣ дубора рушд карданд. Яке аз падидаҳои ҳай­ра­товари зебоишиносии санъати сухан дар замони ислом ин буд, ки бо сабаби мамнӯъ гардидани санъати тасвирӣ ва фалсафа назму насри класси­кӣ дар худ андешаҳои фалсафӣ ва санъати тасвириро ҷой дод. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҷало­луд­дини Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон аз ин шаҳодат медиҳанд. Масалан, андешаҳои фалсафӣ:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст.
Ҳамеша, то бувад, оин-ш гирдгардон буд…

Рӯдакӣ

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон куҷо хулқон буд.

Рӯдакӣ

Андешаи фалсафию тасвирӣ:

Намудат фурсати умри шарор аст,
Нафас то мекашӣ, оина тор аст.

Бедил

Баъд аз садаи XV пешрафти тафаккури фалсафию зебоишиносии форс-тоҷик дучори буҳрон гардид. Гоҳ-гоҳ самои тираву тори тамаддуни форс-тоҷикро ситораҳое дурахшон мекарданд, вале боз тирагиву сукут ҳукмфармо буд. Ҳегел роҷеъ ба мардуми форс-тоҷик навиштааст: «Шоир бо рағбати беандоза дар ҳама чизҳо муъҷизаи илоҳиро мебинад ва ҳангоми дарки Парвардгор аз «ман»-и худ даст мекашад... Дар ӯ он маҳрамияти пурфараҳ, саодати озод, мустағрақ гаштан дар ваҷду кайфият пайдо мешаванд, ки хосси инсони шарқист. Ӯ инсонест, ки аз вижагии худӣ даст шуста, бо тамоми вуҷудаш дар олами абадият ва мут­лақ ғарқ мегардад ва дар ҳама чизҳо нишона ва ҳу­зури илоҳиро дарк ва эҳсос менамояд... Ҳангоме ки аш­ъори Ҳофизро мехонӣ, дар шубҳа меафтӣ, ки оё одамони шарқӣ ҳунари наққошӣ ва ё ҳунари тасвирӣ доранд, ё не?... Бо ин ҳама, дар ашъори ӯ инсони комил бо шаробу базм­ҳояш, дӯшизаҳояш, бо хилвату ғайраҳояш зуҳур меёбад».

Замони шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони шӯравӣ муҳаққиқони касбӣ афкори зебоишиносии миллати тоҷикро аз давраҳои бостон то замони шӯравӣ мавриди пажӯҳиш қарор доданд. Мас., А. Турсон дар бораи таърихи фарҳанг ва ақоиди зебоишиносии тоҷикон, зебоишинос Ф. Турсунзода роҷеъ ба масъалаҳои таносуби анъана ва навоварӣ дар раванди рушди афкори зебоишиносии миллати тоҷик таҳқиқот гузаронидаанд. Нахустин бор доктори илмҳои фалсафа дар риштаи зебоишиносӣ А. Қурбонмамадов доир ба хусусиятҳои зебоишиносии фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик, зебоишиносии зардуштия, зебоишиносии Фирдавсӣ ва Ҷомӣ таҳқиқоти ҷолиб анҷом додааст. Ду рисолаи ӯ дар бораи ақидаҳои зебоишиносии тасаввуф дастоварди ҷолиб дар зебоишиносии тоҷик ба шумор мераванд. Зебоишиносӣ Ҳ. Юсуфов роҷеъ ба зебоишиносии тоисломӣ ва хушнависи (каллиграфия)-и замони ислом таҳқиқоти арзишнок анҷом додааст. Н. Нур­ҷонов дастовардҳои зебоишиносии мардуми тоҷикро дар мисоли рақс, маросим, анъана, намоишҳои театрӣ, фарҳан­ги мавригӣ ва боз даҳҳо паҳлуҳои фарҳанги зебоишиносии мардуми тоҷикро бо анҷом додани таҳқиқоти саҳроӣ ва ҷамъбасти назариявӣ рӯи чоп овардааст. С. Олимова дар бораи ақидаҳои зебоишиносии устод С. Айнӣ, Р. Маллаев роҷеъ ба консепсияи фалсафию зебоишиносии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» таҳқи­қот анҷом додаанд. А. Раҷабов таърихи таҳаввули зебоишиносии мусиқии касбии тоҷикро мавриди омӯзиш қарор додааст. М. Ашра­фӣ, Л. Додхудоева, А. Низомов, Г. Майдинова, Р. Муқи­мов, санъатшиносон Л. Айнӣ, Л. Назарова, Н. Ҳаки­мов ва чанде дигарон роҷеъ ба арзишҳои зебоишиносии ҳуна­ри тоҷик асарҳои ҷолиб офаридаанд. А. Мирзоев, М. Ша­ку­рӣ, А. Сатторзода, А. Афсаҳзод ва дигарон дар шинохти зебоишиносии назму насри классикӣ ва муосир мақола ва ри­солаҳо нашр кардаанд. Аммо ин дастовардҳо ҳанӯз ҳам илми зебоишиносии тоҷикро ба таври комил фаро нагирифтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гегель Г. В. Ф. Эстетика. В 4-х тт. Т. 1–2. М., 1968–69;
  • Ригведа. Избранные гимны. М., 1972;
  • Брагинский И. С. Исследования по таджикской культуре. М., 1977;
  • Беленицкий A. M. Искусство античных и средневековых городов Средней Азии. М., 1977;
  • Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. 4-е издание. СПб., 2003;
  • Вольф М. Н. Онтологические аспекты иранских влияний на раннюю греческую философию. Новосибирск, 2003;
  • История музыкального инструментария таджиков. Х., 2004;
  • Рахимов С. Х. Из истории эстетических воззрений таджикского народа. Д., 2005;
  • Маллаев Р. К. Философско-эстетическая концепция Фирдоуси в «Шахнаме». Х., 2009;
  • Новая философская энциклопедия. В 4 тт. Т. 4. М., 2010.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]