Иван Авесаломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Авесаломов
Авесаломов Иван Сергеевич
Таърихи таваллуд 1 феврал 1907(1907-02-01)
Зодгоҳ Великий Устюг, Русия ИҶШС
Таърихи даргузашт 30 апрел 1986(1986-04-30) (79 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ паразитология
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I

Авесаломов Иван Сергеевич (1 феврали 1907, шаҳри Великий Устюги Федератсияи Русия30 апрели 1986, Душанбе) — ветеринар-паразитолог, доктори илмҳои ветеринария, профессор (1952).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Авесаломов Иван Сергеевич (1 феврали соли 1907 дар шаҳри Великий Устюги Федератсияи Россия ба дунё омадааст). Баъди хатми Институти ветеринарии шаҳри Омск (1931) дар Бурятская (ноҳияи Алар, Иркутск) кор кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945). Баъди ҷанг дар Сибиряк (ноҳияи Усолск, Иркутск), Қазоқистон ва Ленинград ба фаъолияти илмӣ пардохт. Соли 1960 ба Тоҷикистон омад. Мудири шуъбаи паразитологияи Институти тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринарияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1960 – 1962), мудири кафедраҳои анатомия ва физиология (1962 – 1965), микробиология, эпизоотология ва паразитологияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1966 – 1986) буд. Авесаломов раиси Шуъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии протозоологҳо ва Шуъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии микробиологҳо буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография. Тадқиқоти ӯ ба омӯзишу муолиҷаи трипаносомози асп, роҳҳои муолиҷаи касалии ҳайвонот ва манбаъҳои табиии онҳо оиданд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Касалиҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва ваҳшии Тоҷикистон. — Д., 1973;
  • Касалиҳои гӯсфанд. — Д., 1977;
  • Болезни крупного рогатого скота и меры борьбы с ними. Учебное пособие. — Д., 1978;
  • Болезни лошадей и меры борьбы с ними. Учебное пособие. — Д., 1984.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Ҷанги Ватанӣ, дараҷа I, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Грамотаи Фахрии ВАСХНИЛ мукофотонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]