Jump to content

Империяи Инкҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Империяи Инкҳо - давлати асримиёнагии қитъаи Амрикои Ҷанубӣ.

Дар бораи пайдоиши империяи Инкҳо ривоятҳо бисёранд. Мувофиқи яке аз онҳо Манко Капак ном шахс ва хоҳари ӯ хоҳиш ва иродаи падарашон - Офтоб - Интиро ба ҷо оварда, аз кӯли Титикака берун баромаданд, то ки ваҳшиёнро ба роҳи инсонӣ ворид карда, империяи бузурги Инкро бунёд созанд. Онҳо гӯё, ки аз падари худ гурзи калони тиллоии сеҳрноке мерос гирифта буданд. Дар рӯи он ҷои бунёди пойтахти ояндаи давлати Инкҳо нишон дода шуда буд. Манко Капак ҷои бунёди пойтахтро танҳо тавассути ҳамин гурз ёфта метавонист. Ӯ гурзро дар чандин ҷо санҷид, вале мурод ҳосил нашуд. Ва ниҳоят он бо хости худо дар ҷое бо осонӣ ғӯтида рафт. Ин маънои онро дошт, ки Маҳз дар ҳамин ҷо, дар наздикии деҳаи Пакари-Тамбои воқеъ дар доманаи теппаи Уанакаури, бояд пойтахти империяи оянда бунёд карда шавад.

Ривояти дигар он аст, ки гӯё инкҳо аз чор ҷуфт бародарон ва хоҳарон пайдо шудаанд. Онҳо нимкаҳрамону нимхудо будаанд. Манко Капак ва Модар Окло дар байни ин чор ҷуфти аҷдодони инкҳо асосӣ буданд. Мувофиқи ривояти сеюм гӯё ки Манко Капак аз Эквадор будааст. Ӯ барои иҷрои хости Худованд ба роҳ баромада, ба Куско меояд, то ки империяи Инкҳоро таъсис дихад. Чи тавре ки дидед, дар хар се ривоят ҳам қаҳрамони асосӣ Манко Капак аст. Ҳамин тариқ, империяи Инк бунёд шуд. Номи ин давлат аввал Тауантинсуйю буд. Оғози салтанати сулолаи Манко Капак дар Тауантинсуию тахминан ба асри VI рост меояд. Баъди вафоти Манко Капак дар ин давлат паи ҳам 12 зурсти ӯ ҳукмронӣ кардааст. Дар бораи чӣ тавр идора кардани зурети аввали Манко Капак, ки дар асрҳои ХIII-ХIV зиндагӣ ва ҳукмронӣ кардаанд, маълумоте нест. Таърих танҳо номҳои онҳоро медонад: Синси, Роки, Лоқе, Юпанки, Инки, Роки ва Яуара Уакака. Таърихи ҳақиқии империя аз Виракочи-Инки оғоз мешавад, ки дар ниман дуюми асри XV ҳукмронӣ кардааст. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ барои аз таъқиби чанкoо наҷот ёфтан аз деҳаи Какиаи водии Шакишауана мегурезад. Ин воқеа ба он оварда расонд, ки писари ӯ - Киси Юпанки Пачакутек бар зидди аҷнабиёни истилогар бархоста, қаҳрамони муборизаи озодихоҳонаи инкҳо мегардад. Тахмин меравад, ки империяи Инкҳо қариб 130 сол вуҷуд доштааст. Дар давраи салтанати До Виракочи Инкҳо дар вилояти начандон калон - дар атрофи Куско ҳукмронӣ мекар- дақд. Киси Юпанки, ки иттифоқчии шоҳнгарии Кол буд, бо роҳу воситаҳои гуногун, ҳатто ба иттифоқчиёни собиқи худ хиёнат карда, онҳоро ба худ тобеъ менамояд. Се насли ояндаи ӯ Империяи Инкро ба авҷи тараққиёт расонданд. Инҳо Пачакутек, писари ӯ Тупак Юпанки ва ҷиянаш Уайна Капак буданд. Дар замони ҳукмронии онҳо масоҳати империяи Инк 900 ҳазор километри мураббаъро ташкил карда, дар қад-қади соҳилҳои уқёнуси Ором ба масофаи 4800 км тӯл калшида буд.

Дар байни шоҳҳои империяи Инк Тупак Юпанки ва Уайне Капак машҳуранд. Таърихнигорон онҳоро ба Филиппи II, Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва Наполеон баробар медонанд. Тупак Юпанки ба тахти шоҳин Инк соҳиб шуда, дар зарфи камтар аз 20 сол ҳудудҳои империяро хеле васеъ кард. Вай қаламрави ҳозираи Боливия, Аргентина, Чили, Эквадор ва соҳилҳои Перуро ба давлати худ муттаҳид намуд. Уайне Капак забткориҳои падари худро давом дода, ҳудудҳои империяи Инкро боз ҳам васеътар намуда, онро то ба Колумбия бурда расонд. Пеш аз марги худ ӯ империяро дар байни ҳамсар ва писаронаш тақсим кард. Мубориза дар байни онҳо фоҷиаро ба бор овард. Ҷанги дохилӣ оғоз ёфта, ба таназзули империяи Тауантинсуйю (Инк) сабаб шуд. Дар чунин ҳолат испаниҳо онро бо осонӣ ишғол намуданд. Бо ҳамин ин империя аз байн рафт.[1]

  1. Империяи ҳиндиён, с. 237-238

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]