Jump to content

Луиҷи Голвонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луиҷи Голвонӣ
итол. Luigi Galvani
Таърихи таваллуд 9 сентябр 1737(1737-09-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 декабр 1798(1798-12-04)[1][2][3][…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик ва пизишкӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Giovanni Aldini[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луиҷи Галвани (итол. Luigi Galvani, 9 сентябри 1737 — 4 декабри 1798) — пизишки итолиёӣ, анатомист, физиолог ва физикдон, яке аз бунёнгузорони таълимот дар бораи барқ ва электрофизиология, асосгузори электрофизиологияи таҷрибӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Луиҷи Галвани 9 сентябри соли 1737 дар Болоня ба дунё омадааст. Ӯ аввал илоҳиёт ва баъд пизишкӣ, физиология ва анатомияро омӯхтааст. Дар соли 1759 вай Донишгоҳи Болонияро бо ихтисоси илоҳиётшинос хатм кард ва танҳо пас аз дифоъ кардани рисолаи худ ба тиб таваҷҷуҳ пайдо кард (ин дар зери таъсири падари шавҳараш — пизишки номвар ва профессори тиб Карло Галеаззи рух дод).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корҳои илмии аввалини Луиҷи Галвани ба анатомияи муқоисавӣ бахшида шуданд. Соли 1771 таҷрибаҳоро оид ба омӯзиши кашишхӯрии мушакҳо оғоз намуда, ҳодисаи зери таъсири ҷараёни электрӣ кашишхӯрии мушакҳои қурбоқаро ошкор кард. Баъдтар Волта қайд кард, ки кашишхӯрии мушакҳои қурбоқа аз таъсири ҷараёни электрикӣ аз нуқтаи назари физикӣ чизи нав нест. Ҳодисаи индуксияи электрикӣ, маҳз ҳодисаи ба ном «зарбаи бозгаштӣ»-ро соли 1779 Магон баррасӣ намуда буд. Луиҷи Галвани кашишхӯрии мушакҳоро ҳангоми ба воситаи ноқил пайваст кардани он бо асаб ё ҳароммағз мушоҳида намуд. Инчунин муқаррар кард, ки мушак ҳангоми ба он дар як вақт расидани ду ноқили гуногун кашиш мехӯрад. Луиҷи Галвани аз таҷрибаҳои худ ба хулоса омад, ки манбаи нав ва шакли нави барқ вуҷуд дорад. Ба чунин хулоса Луиҷи Галваниро таҷрибаи тартиб додани занҷири сарбаста аз ноқилҳо ва мушаки қурбоқа водор кард. Ба туфайли таҷрибаҳои ӯ Алессандро Волта манбаи нави ҷараён — унсури галваниро кашф намуд[6].

Соли 1791 «Рисола дар бораи қувваи электрӣ ҳангоми ҳаракати мушак» ном асараш аз чоп баромад. Кашфиёти Луиҷи Галвани муддати дуру дароз дар китобҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ «галванизм» номида мешуданд. Истилоҳи мазкур то имрӯз дар номи баъзе дастгоҳҳо ва равандҳо боқӣ мондааст. Пажӯҳишҳои Луиҷи Галвани дар амалияи илми тиб ва баҳри дарёфти усулҳои таҷрибаи физиологӣ аҳаммияти бузург доранд[6].

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 Гальвани (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1838. — Т. 13. — С. 123.
  3. 3.0 3.1 Galvani, Luigi (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 11.
  4. 4.0 4.1 Гальвани Луиджи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Гальвани, Луиджи (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VIII. — С. 2.
  6. 6.0 6.1 Галвани Луиҷи // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.