Муҳаммадиқболи Садриддин
[бетараф?]
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович | |
Таърихи таваллуд: | 15 май 1978 (46 сол) |
Зодгоҳ: | Қурғонтеппа, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ писари Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода яке аз асосгузорони ҲНИТ дар солҳои 1973 мебошад.
Муҳаммадиқболи Садриддин муаллифи китобҳо ва мақолаҳои адабӣ, динӣ, таърихӣ ва сиёсӣ аст. Ӯ дар соли 2008 «Тафсири мухтасари Хатлонӣ»-ро дар се ҷилд ба нашр расонида,[1] бунёди ҷамъиятии «Васатият»-ро таъсис додааст. Соли 2014 сомонаи бунёди ҷамъиятии «Васатият» марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон масдуд гардид.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар солҳои ахир ошкоро ва тунд дар бораи амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноии мақомдорон мақолаҳо дар Пойгоҳи «Isloh.net»[2] ва барномаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube пахш мекунад[3]. Моҳи октябри соли 2020 Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худи Ӯ аз соли 2016 дар Аврупо паноҳандаи сиёсӣ аст[4], дар ғайбаш бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ кушода аст[5]. Худи Ӯ ин иттиҳомҳоро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ донист ва ба фошкориҳояш дар бораи мансабдорони тоҷик рабт дод.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммадиқболи Садриддин. «Суханварони Балх», Д., 2010[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ "Тафсири мухтасари Хатлонӣ" нашр шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (24.02.2008).
- ↑ Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
- ↑ "Ислоҳ" чанд соат дастнорас шуд. Муҳаммадиқболи Садриддин: "Ҳамлаи мақомот буд"(тоҷ.) (02.03.2021).
- ↑ "Muhammadikbol Saduridinov - Justice for Journalists(англ.). JFJ.fund (15.10.2020).
- ↑ "Қаллоб дар кофтукоб(тоҷ.). Сомонаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.10.2020).
- ↑ Рахимзода Р. Х. Наука – основа развития общества.