Обанбори Норак
Зоҳир
Обанбори Норак — дар дарёи Вахш, назди шаҳри Норак, вилояти Хатлон ҷойгир аст. Обанбори Норак барои таъмини Нерӯгоҳи барқии обии Норак бо об сохта шудааст.
- Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:
- масоҳати обанбор – 98 км²;
- дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
- чуқурии миёна - 107 м;
- фаррохӣ - 5 км;
- ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3;
- ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
- баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
- сатҳи максималии об – 910 м;
- сатҳи минималии об - 857 м.
То 1 январи соли 2010 Нерӯгоҳи барқии обии Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст.
Обанбори Норак бо шабакаҳои НБО Норак пайваст аст. Обанбори Норак дар солҳои 70 - уми асри XX бо об пур карда шудааст. Оби обанбори Норак на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин ба воситаи нақбҳои махсус (нақби Данғара дарозиаш — 14 км.) барои обёрии заминҳои корам истифода бурда мешавад.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Обанбори Норак дорад
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Министерство энергетики Республики Таджикистан. Нурекская ГЭС Бойгонӣ шудааст 21 октябри 2007 сол.
- Норак 40 сола шуд Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2014 сол.