Jump to content

Порлумон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
██ Кишварҳои дорои порлумони думаҷлисӣ██ Кишварҳои дорои порлумони якмаҷлисӣ ва ниҳоди қонунгузорӣ██ Кишварҳои дорои порлумони якмаҷлисӣ██ Бидуни порлумон

Порлумон, парлумон, парламент (англ. parliament, фр. parlement, аз parler — гуфтан), маҷлис (ар. مجلس‎) — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори давлатҳои дорои низоми тақсимоти қудрат мебошад[1].

Дар Молдова, Гурҷистон, Белгия, Британиёи Кабир, Юнон, Итолиё, Камбоҷа, Канада, Фаронса, Чехия, Қазоқистон ва баъзе дигар кишварҳо порлумонҳо як ном доранд. Дар қонунҳои асосии Озарбойҷон (Миллий Маҷлиси), Русия(Федералное собрание)[2] , Қирғизистон (Жогорку Кенеш), ​​Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ), Туркманистон (Милли Генгеше)[3]), Абхозистон (Народное Собрание), Украина (Верховна Рада), Белорус (Нацыянальны сход), Исроил (Кнессет), Муғулистон (Хурал), Сербия ва Черногория (Скупщина), Булғористон (Народно събрание), Мақдунияи Шимолӣ (Ассамблея), Лаҳистон, Латвия ва Литва (дар ҳар се кишвар — Сейм)), Финляндия (Эдускунта), Шветсия (Риксдаг), Олмон (Бундестаг), Арманистон (Маҷлиси Миллӣ) ва баъзеи дигар барои таъин кардани порлумонҳо номи худро ба кор мебаранд.

Порлумон як ниҳоди намояндагӣ аст, ки дар он кулли ҷамъият ва манотиқи кишвар тавассути намояндагони мунтахаб намояндагӣ мешаванд. Қоидатан кулли порлумон ё маҷлис пойинӣ (масалан дар федератсияҳо) бо интихоботи умумӣ ташкил мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Парламент // Малый энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 4 т. — СПб., 1907—1909.
  2. ст. 94, Конституция Российской Федерации — принята всенародным голосованием 12 декабря 1993 года // Российская газета. — № 237. — 25 декабря 1993 года. (c последующими изменениями).
  3. Закон Туркменистана "О Милли Генгеше Туркменистана". base.spinform.ru(пайванди дастнорас — таърих).