Jump to content

Россини Ҷоаккино

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Россини Ҷоаккино
итол. Gioachino Antonio Rossini
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд итол. Gioachino Antonio Rossini
Таърихи таваллуд 29 феврал 1792(1792-02-29)[1][2][2][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 ноябр 1868(1868-11-13)[1][2][2][…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1810
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз виолончел
Сабк опера, Кантата ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Grand Officer of the Legion of Honour Pour le Mérite for Sciences and Arts order Order of Saint Stanislaus
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷоаккино Россини (1792-1868) — композитори барҷастаи итолиёӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоаккино Россини таҳсили мусиқиро дар литсеи Болонск гирифт ва дар сини 14-солагӣ узви Академияи филармонияи Болонск интихоб гардид. Ӯ фортепиано, скрипка, виолончелро хеле хуб менавохт, дар шаҳрҳои Италия бомуваффақият консерт намоиш медод ва де-ре нагузашта дар ин кораш обрӯманд гашт. Россини ҳамчун композитори операнавис машҳур гардид. Махсусан операҳои «Танкред» ва «Итолиёвидухтар дар Алжир», ки ҳарду с. 1813 офарида шуданд, ба ӯ шуҳратмандии зиёд оварданд. Операи ҳаҷвии «Сартароши севилӣ» дар таърихи санъати мусиқӣ, яке аз беҳтарин офаридаҳои Россини ба шумор меравад. Дар арафаи инқилоби Фаронса (1830), ӯ операи қаҳрамонӣ – патриотии «Вилгелм Телл» (аз Шиллер)-ро менависад, ки дар инкишофи жанри операи калони фаронсавӣ нақши муҳим бозидааст. Эҷодиёти операвии Россини бо мавзӯъҳои ҳаётӣ, хушоҳангии бардавом, коркарди бисёр хуб, маводи вокалӣ, моҳирона, ҷиллои устодонааш фарқ карда меистод. Ӯ санъати операи ҷаҳониро бой гардонида, ба инкишофи театри мусиқавии Итолиё ва Фаронса боис шуд. Осораш – аз 39 опера, 2 симфония барои оркестр, кантатаҳо, гимнҳо, ансамблҳои камеравӣ – созӣ, пиесаҳо барои фортепиано, барои овоз бо фортепиано, мусиқии нафасӣ ва ғ. иборат аст.[5]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  3. Archivio Storico Ricordi — 1808.
  4. Grove Music Online (ингл.)OUP.
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.319. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)