Jump to content

Хуросон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамчунин бубинед: Хуросони Бузург
муқеъияти хуросон дар нақшаи Эрон дар асри хулафоя аббосии баргирифта аз китоби ҷӯқрофйё торихии сарзамини ҳоии хилофати шарқӣ

Хуросон – кишварест, ки аз асри III-IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сарзамини Эрону Афғонистони имрўза ва ВарорудМовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истилоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Аму - Вахш, яъне ба ҳудуди имрўзаи Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарқӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.[1]

Хуросон, пеш аз Ислом, ва дар асрҳои нахустини Исломӣ дорои масоҳати азиме буд ва бахшҳое аз сарзаминҳоеро, ки акнун Осиёи Марказӣ ва Афғонистонаш меноманд, шомил мешуд. Эроншаҳр, Ҷуғрофидони Арманӣ мансуб ба Мӯсо Хуринӣ маҳдудаи ин вилоятро аз Гургон ва Қумас дар ҷануби шарқии дарёи Хазар то Бадахшон ва Тахористон дар улёи Ҷайҳун, ва Бомиён дар Ҳиндукуш густариш додааст.[2]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. Васфи шаҳри Бухоро(пайванди дастнорас)