Jump to content

Ҳанс Бете

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳанс Бете
олмонӣ: Hans Albrecht Bethe
Таърихи таваллуд 2 июл 1906(1906-07-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 март 2005(2005-03-06)[1][2][3][…] (98 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтарфизик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d] (1928)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Arnold Sommerfeld[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳанс А́лбрехт Бе́те (олмонӣ: Hans Albrecht Bethe; 2 июли 1906, Страсбург, Олмон — 6 марти 2005, Итака, Нйю-Йорк) — физикдони ситорашиноси амрикоӣ, дорандаи Ҷоизаи Нобели физик (1967).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Франкфурт, Донишгоҳи Мюнхен (1924–28). Соли 1933 ба Британияи Кабир ва соли 1935 ба ИМА муҳоҷират кардааст. Профессор Университет Корнел дар Итака (иёлати Ню-Йорк;1937). Аз соли 1941 шаҳрванди Амрико. Таҳқиқоташ ба физикаи ҳаста ва атрофизика бахшида шудаанд. Вокуниши протон-протонии реаксияҳои термоядроиро кашф кардааст (1938). Вокуниши шашзинагии карбонию нитрогениро пешниҳод намуд, ки барои маънидод кардани раванди ҷараёни вокунишҳои термоядроӣ дар ситораҳои бузург (1938, новобаста аз К. Вайтсзеккёр) имкон медиҳад.

Бете формулаи муайян намудани талафоти энергияи зарраҳои заряднокро, ки дар модда ҳаракат мекунанд, кашф кардааст (1934). Соли 1947 ба назарияи квантӣ ислоҳоти радиатсиониро ворид карда, назарияи аз нав меъёрбандиро асос гузошт ва ба ин васила "ғеҷиши лэмбовӣ"-ро маънидод кард. Дар назарияи зарраҳои бунёдӣ муодилаи Бете–Солпитер, ки системаи ду зарраи таъсири мутақобиладоштаро тавсиф медиҳад, васеъ истифода мешавад (1951). Бете дар соҳаи назарияи квантию кимиёии майдони кристаллӣ таҳқиқот бурдааст. Муаллифи зиёда аз 250 корҳои илмӣ мебошад. Дар охири умр (бист соли охир) дар соҳаи физикаи нейтрино кор карда, аз ҷумла як қатор асарҳояшро ба норасоии нейтринои офтобӣ бахшидааст.

Дорандаи мукофотҳои байналмилалии ба номи М. Планк (1955), Э. Ферми (1961), медали миллии илмии ИМА (1975), медали бузурги тилоии ба номи В. М. Ломоносов барои комёбиҳои бузург дар соҳаи физика (1989), медали тилои Брюс (2001). Ба ифтихори Бете астероид номгузорӣ шудааст (30828 Бете).

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 2.8 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Бете Ханс Альбрехт (рус.) / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.