Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Укроин(а), имлои қаблӣ: Республикаи Советии Социалистии Украина (кӯтоҳ: ҶШСУ, ҶШС Украина, РССУ, РСС Украина, рус.Украи́нская Сове́тская Социалисти́ческая Респу́блика, УССР, Украинская ССР[5]; укр. Українська Радянська Соціалістична Республіка, УРСР, Українська РСР) — кишвари украинии сотсиалистӣ, ки дар қисми қаламрави Империяи Русияи собиқ 10 марти 1919 с. эълон шуд; яке аз кишварҳои-таъсисдиҳандаи ИҶШС, аз соли 1922 — ҷумҳурии иттифоқӣ дар таркибаш.
ҶШСУ 25 декабри 1917 таъсис дода шуд. Бо сохтани Иттиҳоди ҶШС дар таърихи 30 декабри 1922 ба ӯ чун қисми ҷумҳурии иттифоқӣ дохил шуд. Дар қисми ҷанубу ғарби аврупоии ИҶШС ҷойгир буд. Дар ғарб ва ҷан.шарқи ҷумҳурӣ марзи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ бо кишварҳои сотсиалистӣ мегузарад: Лаҳистон (Полша), Чехословакия, Маҷористон (Венгрия), Руминия. Дар шм. бо ҶШСБ, дар шр. ва Шм.-шр. бо ҶШСФР, дар Ғ.-Ҷ. бо ҶШС Молдова ҳаммарз аст. Дар Ҷ. бо обҳои баҳрҳои Сиёҳ ва Азов шӯста мешавад. У.— сеюм аз рӯи масоҳат пас аз ҶШСФР ва ҶШСҚаз ва дуюм аз рӯи аҳолӣ пас аз ҶШСФР ҷумҳурии ИҶШС мебошад. Масоҳат 603,7 ҳаз. км2. Аҳолӣ 49,1 млн. наф. (ба вазъи 1 январи 1976). Пойтахт — ш. Киев.
То қабули Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1936 расман номи Украинская Социалистическая Советская Республика (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина)-ро дошт.
Ҳамроҳ бо ҶШСБ мустақил буд[6] ва яке аз ҳаммуасисиони СММ дар соли 1945 буд.
24 августи 1991 Шӯрои Олии ҶШС Украина Актро дар бораи истиқлолэълонкунӣ қабул карда, қарорро «Дар бораи эълони истиқлоли Украина» қабул кард[7]. Бо ин ҳуҷҷатҳо соҳибистиқлолии Украина ва эҷоди давлати мустақили украинӣ эълон шуд. Тибқи акт, қаламрави Украина тақсимнашаванда аст ва аз ин сӯ пас дар он танҳо Конститутсия ва қонунҳои Украина амал мекунанд. Акти соҳибистиқлолӣ дар раъйпурсии 1 декабри соли 1991 тасдиқ гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Договор об образовании СССР (рус.) — 1922.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Григорович Л. Л., Петрович Г. С., Миколайович Г. М., Максимович Ч. В. А К Т ПРОГОЛОШЕННЯ НЕЗАЛЕЖНОСТІ УКРАЇНИ (укр.) — 1991.
- ↑ https://www.un.org/ru/about-us/member-states/ukraine
- ↑ Всесоюзная перепись населения 17 декабря 1926 г. Вып. 3 : Население СССР. - 1927. - [4, 63 с. : табл.] — С. 4.
- ↑ Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
- ↑ тибқи моддаи 14-15 Конститутсияи СССР соли 1936, мустақилияти ҷ. иттифоқӣ дар баъзе масъалаҳо маҳдуд шуда буд ва ба назари тамомишӯравӣ гузашт. Моддаи 20 қонунҳои тамомишӯравиро аз қонунҳои ҷумҳуриявӣ болотар медонад. Аммо ин маҳдудият ба намояндагии алоҳидаи байналмилалии кишвар рабт надошт, ки дар моддаи 18-а-и нашри соли 1944 зикр шуда буд.
- ↑ Про проголошення незалежності України від 24.08.1991 № 1427-XII