Деҳоти Ёва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ҷамоат
Деҳоти Ёва
Ҷамоати Ёва
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 22 деҳа
Маркази маъмурӣ Мири Шикори Боло
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1918
Масоҳат
  • 39 018,31 га
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 30 826 тан[1]
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Деҳоти Ёва дар харита

Ҷамоати Ёва — ҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

Ҷамоати Ёва яке аз маҳалҳои калонтарини мулки Хуҷанди бостон махсуб ёфта, аз замонҳои қадим маъруф аст. Вожаи «ёва» дар «Авасто», махсусан дар қисмати «Вандидот», якчанд маротиба дучор омада, ба гувоҳдоди аҳди назар, аз ҷумла олими тавонои вожашинос, профессори фақид Абдулманнони Насриддин маънии «ғаллазор»-ро ифода мекунад.[2]

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати деҳоти Ёва яке аз ҷамоатҳои бонуфузи ноҳия буда, зиёда аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ки асосан тоҷикон мебошанд. Масоҳати умумии ҷамоат 39018,31 га мебошад. Аз ҷануб деҳа қисман бо деҳаи Ғозиён ҳамҳудуд буда, як қисми он бо кӯҳи Рухак пайваста аст. Дар қисми ғарбии он деҳаи Деҳмой ҷойгир аст. Заминҳои хоҷагии деҳа дар соҳили чапи дарёи Сир доман паҳн намуда, бо ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамҳудуд мебошад.

Ҷамоати деҳоти Ёва соли 1918 ташкил шуда, то имрӯз ба он 20 нафар роҳбари намуданд, ки дар байни онҳо зани фаъолу ташаббускор Турсуной Бойматова собиқаи кории қариб бистсолаи роҳбарии ҷамоатро дорад. Дар айни замон ҷамоати Ёва аз 6239 хоҷагӣ иборат буда, дар он 40909 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳудуди ҷамоат се хоҷаги ба номи Ҷ.Расулов, Раҳмон Набиев, Сирдарё мавҷуд аст. Ҷамоат аз 38 маҳалла, 22 деҳа, 131 кӯчаи иборат аст. Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқи Ёва пахтакорӣ буда, мардуми он ба боғдорӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, кирмакпарварӣ ва ғайра аҳамият медиҳанд.

Ёва зодгоҳи бисёр симоҳои шинохта ва мардони меҳнат мебошанд. Арбобони варзидаи ҳизбию давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев, Биҳоҷал Раҳимова, Темир Дадобоев, шоири маъруф Муҳиддин Фарҳат, шоирони ӯзбекзабон Маҳмуд Тӯлқун, Абдулло Ҳушёр, нависандаи шинохтаи тоҷик Қурбон Алӣ ва дигарон ба ин мисол шуда метавонанд. Дар ҷамоат корҳои маданӣ-маърифатӣ нағз ба роҳ монда шудааст. Дар озмуну мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷамоат ҷойҳои намоёнро ишғол меуканд.

Роҳбарияти ҷамоат, Шӯрои занон, иттифоқи ҷавонон, иттифоқи касаба, фаъолон ва саховатмандон барои пешравии ҷомеа ҳиссагузорӣ мекунанд. Ба истифода додани китобхона ва Маркази ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки баҳри маърифатнокӣ ва илму фарҳанг байни сокинони ҷамоат кӯшишҳо ба харҷ дода шуда истодааст. Инчунин дар ҳудуди ҷамоат 2 шуъбаи алоқа, 1 меҳмонхона, 104 муассисаҳои хидматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсеи касбу ҳунар, 1 гимназияи хусусии «Амид», 3 кӯдакистон, 10 мактабҳои таҳсилоти умуми, беморхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, маркази солимгардонии хусусии «Юсуфзода» ҷойгир буда, бинои шуъбаи бойгонии ноҳия дар ин мавзеъ мебошад.[3]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол 2015
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
40,3

Деҳоти ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати Ёва
Деҳа Аҳолӣ
Мири Шикори Боло
Боғи Қозӣ
Гулистон
Бузургон
Дониш
Дунги Мазор
Кӯчаи Калон
Қорибобо
Марғзорак
Мири Шикори Поён
Навобод
Наддофон
Нурато
Равшандилон
Салоххона
Сартуқай
Сойча
Хилватқӯрғон
Чаманзор
Чашмаи Ҳаёт
Ҷӯйи Мазор
Ҷӯйи Раззоқ

[4]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 таджикская Википедия — 2004.
  2. Насриддинов, А. Что означает термин «Ёва»/А.Насриддинов//Бахром Али Ахмадзода. Шахсони баруманди Ёва.-Худжанд, 2002.- С.6-7.
  3. Ҷамоати деҳоти Ёва. 30 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2017.
  4. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.