Jump to content

Ёрии Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёрии Ҳофиз
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1503(1503)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда
Номи мустаъор Устод Ёрии Хонанда, Гӯянда

Ёрии Ҳофиз, ё Устод Ёрии Хонанда (?, Ҳирот — 1503/07, Ҳирот) — хонанда, навозанда, мусанниф, хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодаи Ҳирот. Нозукиҳои санъати мусиқӣ, сарояндагиву навозандагиро аввал дар назди падараш ва баъдан аз Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон омӯхтааст. Ёрии Ҳофиз дар муддати кӯтоҳ илми мусиқӣ, хусусан қисматҳои мураккаби мақомҳоро аз худ намуда, зимни онҳо як силсила асарҳои созию овозӣ офаридааст. Аз таснифоти Ёрии Ҳофиз бахусус «Куллиёт» ба мақоми «Ҳусайнӣ», «Амали дилошӯб» ба мақоми «Ушшоқ» дар байни мардум машҳур гардида буданд. Ӯ ҳамчунин дар шаклу навъҳои санъати мусиқии «Қавл», «Амал» «Савт», «Пешрав», «Кор», «Рехта», «Кор бо Усул» ва ғ. таснифоти зиёд дорад. Ёрии Ҳофиз ба ашъори Абдурраҳмони Ҷомӣ дилбастагии зиёд дошта, матнҳои таснифоташ бештар бар ғазалиёти ӯ мебошанд. Ӯ ба ғазалҳои зиёди Ҷомӣ дар шаклу навъҳои «тарона», «қавл», «амал», «нақш» чандин тасниф офарида, асарҳои назарияш «Нақши Мавлавӣ», «Нақши Ситамкаш» (бар ғазали Ҷомӣ) дар ҳаёти мусиқии Ҳироту Самарқанд шуҳрати хосса касб намуда буданд. Хаттотиро аз Султоналии Машҳадӣ омӯхта, дар хатти настаълиқ, ҳунари муқовасозӣ ва зарҳалкорӣ устоди моҳир буд. Ёрии Ҳофиз шоири соҳибдевон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 70. — ISBN 978-99947-49-13-3.