Арӯсбарон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
лаҳзаи аз хонаи модар баровардани арӯс дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон
Арӯсон
Арӯсбарон

Арӯсбаророн, арӯсбарон — маросими ба хонаи домод бурдани арӯс. Қофилаи арӯсбарон бо рақсу суруд ба хонаи домод равон мешавад. Ба тамошои арӯсбарон тамоми аҳли деҳа ё маҳалла мебарояд[1].

Дар гузашта арӯсро аспсавор мебурданд. Ӯро ба асп бародар ё тағояш савор мекард ва яке аз инҳо сарҷилав (ҷилавдор) мешуд. Ҳамин ки ба манзили домод мерасиданд, гулхан афрӯхта, дар гирдаш арӯсро давр мезанонданд. Дар баъзе маҳалҳо ин амалро падар, хола ё аммаи домод иҷро мекард. Домод ба сарҷилав хизматона (ҷома ва ё пул) дода, арӯсро аз рӯи зин мебардошт ва ба арӯсхона медаровард[1].

Дар аспҳои дигар сару либос, сандуқ, чойнику пиёла, кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоти арӯсро бор мекарданд. Дар ноҳияи Ҳисор, одатан, арӯсро пас аз дамидани субҳ мебурданд. Пеш аз тарк намудани хонаи падар арӯс бо падараш хайрухуш карда, хам шуда пойи падарашро бӯсиданӣ мешавад. Аммо падар ба ӯ ин имконро надода, ӯро аз ҷой мехезонад ва дуои нек медиҳад. Ин амалро мардум «поипадарбӯсӣ» меноманд. Сипас ба бағали арӯс кӯдакеро бо нияти серфарзанд шуданаш медиҳанд.

Дар хонаи домод қудоҳоро бо таоми шаби никоҳ — ширбиринҷ, палав ё кичирӣ зиёфат мекарданд. Дар замони мо арӯсбарон бо тантанаву сурур мегузарад. Арӯс бо мошинҳои орододашуда ҳамроҳи домод ва дугонаҳояш ба тӯйхона меояд.

Ҳангоми ба роҳ баромадани қофила ҳунармандон пеш-пеш рафта, доираву таблак менавохтанд ва суруду таронаҳо мехонданд. Ҳофизон аз номи арӯс ба мардум шунавонида чунин мехонданд:

Эй бобо, намераме! Эй оча, намераме!
Моли мардум хӯрдае, ночор мондам, мераме.

Дар ноҳияи Дарвоз дар вақти арӯсбаророн хондани чунин суруд маъмул буд:

Бурор, бурориш, хола,
Кай мебурориш, хола?
Моли мардум хурдай,
Кай мебарориш, хола?
Афтов ба суйи қарздор рафтаст,
Кай мебарориш, хола?

Дар байни мардуми Мастчоҳ ҳангоми аз хона баровардани арӯс суруди зеринро мехонанд:

Буро, буро аз хуна,
Э гул, буро аз хуна.
Гул, буро аз хуна,
Булбул, буро аз хуна.
Дӯстон ҳама ҷамъ умаданд,
Тезтар буро аз хуна.[2]

Қофилаи арӯсӣ серодам мешуд. Ба ғайр аз падару модари арӯс, инчунин бародару хоҳар, хешу таборҳои наздик ва баъзе ҳамсояҳову дугонаҳои арӯс низ ҳамроҳ мешуданд. Дар хонаи домод онҳоро бо хурсандиҳо пешвоз мегирифтанд. Ду-се нафар занҳо доира зада, сурудхонӣ мекарданд. Вақте ки аспи арӯс ба ҳавлии домод ворид шуд, сарҷилав — шахси наздики арӯс (тағо, бародар) каме сабр карда, ба арӯс иҷозати фуромадан намедиҳад. Пас аз оне ки ба ӯ ягон туҳфаи муносиб, сарупо (куртаву шалвор), ё ҷомаву миёнбанд оварда, тақдим карданд, ӯ арӯсро аз асп мефурорад. Дар байни мардуми ноҳияи Варзоб расме буд, ки ба ҳавлии домод даромадани арӯс дар пеши пойи ӯ буз ё гӯсфандеро сар мезаданд. Сипас сари ҷонварро аз танаш ҷудо карда, ҷасадашро ба ҷавонон медоданд. Дар байни ҷавонони деҳа ва меҳмонони омада бузкашии пиёда сурат мегирифт, ки онро «пиёдаулоқ» меномиданд. Гурӯҳи ғолиб ҷонвари қурбониро бурда, дар хонаи яке аз дӯстон бирён карда мехӯрданд. Дар ҳавлӣ гулхане меафрӯхтанд, ки арӯс бо дугонаҳову наздиконаш се маротиба гирди он давр мезад ва сипас ба хонаи бахт қадам мегузошт. Чунин гулханафрӯзӣ дар байни тоҷикони водиҳои Ҳисору Зарафшон, Фарғона, Самарқанду Бухоро, Хуҷанд ва ғайра маъмул буд.Ҳангоми ба арӯсхона ворид шудани арӯс аз ҷониби бибихалифа «Саломнома» хонда мешавад. Занҳои дигар пас аз ҳар як сатр хондани ӯ ҳама якҷоя «ҳазор алек» гуфта, ҷавоб медиҳанд. Дар ноҳияи Ҳисор пеш аз воридашавии арӯс ба таги чодар маросими «кампирмурд» гузаронида мешавад. Хушдоман ё хушдоманкалони арӯс ба пеши пойи арӯс худро партофта чун мурда вонамуд мекунад. Арӯс бояд рафта ӯро бардошта ба пой рост кунад. Кампир сипас ба арӯс дуои нек медиҳад. Пас аз рафтан ба таги чодар бо рамзу ниятҳо чароғ рӯшан мекунанд, испанд дуд мекунанд ва ба арӯс ширинӣ мехӯронанд. Баъд аз ин одати дигаре иҷро мешавад, ки онро «келиншинонӣ» меноманд. Дар замони мо Арӯсбарон бо тантанаву сурур мегузарад. Арӯс бо мошинҳои орододашуда ҳамроҳи домод ва дугонаҳояш ба тӯйхона меояд. Дар мавриди Арӯсбарон хондани сурудҳои тӯёнаи «Ёр-ёр», «Нақш» (дар ноҳияи шим. Тоҷикистон) ва «Тӯй муборак бод, арӯс саломат бод» (дар ноҳияи ҷанубӣ) маълум ва машҳур аст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Арӯсбаророн // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
  2. 2.0 2.1 Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). /Д. Раҳимов. — Душанбе, 2015. — 668 с.(тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. Д., 1978;
  • Шарифова М. Маросимҳои тӯи арӯсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ.Д., 2005;
  • Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор. Д., 2001;
  • Таджики Каратегина и Дарваза. Душанбе, вып. 3, 1976;
  • Неменова Р. Л. Таджики Варзоба. Д., 1998; ЭСТ.