Jump to content

Абдулло Раҳимбоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Раҳимбоев
Абдулло Раҳимбоев
декабри 1923 — феврали 1925
Пешгузашта Năzīr Tȯreqūlov[d]
Ҷонишин Vladimir Ivanovich Ivanov[d]

Таваллуд 1 июн 1896(1896-06-01)
Даргузашт 7 май 1938(1938-05-07) (41 сол)
Ҳизб
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурх
 Парвандаҳо дар Викианбор
Нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар ш. Хуҷанд

Абдулло Раҳимбоев (1 июн 1896, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон7 май 1938, Маскав) — инқилобчии ӯзбек, сиёсатмадор, ходими ҳизбии ҲК Итттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун миллатчии буржуазӣ дар ИҶШС қатл карда шудааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Раҳимбоев 1 июни соли 1896 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи бозаргон ба дунё омада аст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас солҳои 19081917 дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии Самарқанд, семинарияи омӯзгории Тошканд таҳсил карда, муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ карда, сипас ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ мешавад.

Вай яке аз бунёдгузорону раҳбарони Шӯрои коргарони мусулмони Хуҷанд буд. Соли 1919 узви Ҳизби Коммунисти болшевикҳои Русия (ҲКР (б)) ва котиби комиҷроия дар шаҳри Мирзочӯл таъйин шуд. Солҳои 1919—1920 вай котиби кумитаи ҳизби коммунисти уезди Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Самарқанд буд. Солҳои 19201923 раиси КИМ ҶШС Туркистон, котиби КМ ҲК Туркистон (октябри 1920 то июни 1923), узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР, 1923-1924 котиби якуми КМ ҲК Бухоро, котиби дуюми КМ ҲК Туркистон ва аз майи 1922 то сентябри 1926 узви Шурои инқилобӣ-низомии Фронти Туркистон буд.

Раҳимбоев яке аз имзокунандагони Паймони таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ дар 30 декабри 1922 буд. Соли 1923 ӯ узви ҳайъати нави КМ ҲКРусия (б) интихоб нашуд ва ӯро котиби КМ Ҳизби коммунистии Бухоро (аз июл то ноябри 1923) таъйин карданд ва сипас котиби дувуми КМ ҲК Туркистон (1923—1924) шуд. Пас аз бунёди ҶШС Узбекистон, Раҳимбоев котиби КМ ҲК (б) Ӯзбекистон (аз декабри 1923 то декабри 1925) интихоб шуд. Аз майи 1924 то декабри 1925 дубора номзадияшро барои узвият дар КМ ҲКИШ(б) пешниҳод карданд, аммо сипас аз ҳама симатҳо барканораш карда барои таҳсил дар курсҳои марксизм-ленинизм дар Академияи коммунистӣ ба Маскав фиристоданд (аз октябри 1926 то июни 1928).

Вай дар солҳои 1928—1933 раиси Раёсати Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС, аъзои коллегия ва раиси комитети ақаллиятҳои миллии Комиссариати халқии маорифи ҶШФСР ва солҳои 1933—1937 раиси Шӯрои комиссариони халқи ҶШС Тоҷикистон ва ҳамзамон яке аз раисони КИМ ИҶШС буд. Вакили анҷуманҳои X—XIV ва XVII ҲКР (б), бисёр конференсияҳои ҳизбии Иттиҳоди Шуравӣ буд. Дар анҷумани XI ва XIII ҳизби коммунист номзади узвият дар КМ ҲКР (б) дар анҷумани XII ин ҳизб узви Дафтари КМ ҲКР (б) дар Осиёи Миёна, узви Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Вай ҳамчунин узви КИМ ИҶШС дар даъватҳои V ва VII буд. Дорандаи чандин нишон, аз ҷумла (Орден) Нишони Ленин ва Нишони Байрақи Сурх будааст.[1]

Тобистони соли 1937 аз симати раиси Шӯрои нозирони халқи ҶШС Тоҷикистон барканор ва аз узвият дар ҲКИШ(б) ихроҷ карда шуд. Моҳи августи 1937 дар Сталинобод боздошт ва ба Маскав фиристода шуда дар зиндони Лефортово бандӣ буд. 7 майи 1938 бино бар ҳукми Ҳайъати низомии Додгоҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳкум ба марг ва дар Бутово парронда шуд. Соли 1956 парвандаашро дубора баррасӣ карда ӯро бегуноҳ бароварданд ва узвияташро дар ҲКИШ барқарор карданд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Абдулло Раҳимбоев: Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум , Файзулло Хочаев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

Нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст.


http://faraj.tj/index.php/tj/tarikh/13484-abdullo-ra-imboev-boyad-az-khu-and-ravad.html Бойгонӣ шудааст 8 июни 2017  сол.


  1. Большая советская энциклопедия Рахимбаев это: http://dic.academic.ru/