Абдусалом Баракаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусалом Баракаев
Абдусалом Баракаев
Таърихи таваллуд 2 май 1950(1950-05-02)
Зодгоҳ ноҳияи Ғончӣ ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 15 декабр 1997(1997-12-15) (47 сол)
Маҳалли даргузашт Дубай, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Ҷоизаҳо Аълочии тандурустии ИҶШС, Ихтирокори ИҶШС

Абдусалом Баракаев (2 май 1950, Ноҳияи Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон — 15 декабри 1997, Дубай, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб) — олим, профессор, доктори илмҳои тиб, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом Баракаев (Салом Баракаев), 2 майи соли 1950 дар деҳаи Долони поёни ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Соли 1966 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дохил шудааст. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ барандаи стипендияи В. И. Ленин буд. Донишгоҳро ба дипломи аъло соли 1972 ба итмом расонидааст. Аз соли 1975 то 1992 дар Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси тадқиқотчӣ ва муовини директори ИИТ Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1983 рисолаи номзади илм оид ба мавзӯи «Фиброколоноскопия с прицельной биопсией в диагностике воспалительных и опухолевых поражений толстой кишки» дар Академияи тиббии Москва ба номи И. М. Сеченов ва ҳамонҷо соли 1991 — рисолаи докториро оид ба мавзӯи «Лазерная терапия в комплексном лечении хронических заболеваний верхнего отдела пищеварительного тракта и гепато-билиарной системы» дифоъ намудааст. Аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Машҳади, Эрон) ба ҳайси пизишки мутахассис кор кардааст.

Соли 1996 ӯ декани шуъбаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дар шаҳри Хуҷанд буд. Абдусалом Баракаев ҳамроҳи завҷааш Малика Хисамовна Баракаева (тав. 27 марти 1951) дар садамаи тайёра 15 декабри соли 1997 вафот кардаанд (рейс 3183 Худжанд — Шарджа, ОАЭ)[1].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом Баракаев аввалин бор дар Тоҷикистон назарияи колонофиброскопия ва назарияи муолиҷаи тиббии лазериро дар табобати касалиҳои узвҳои дарунӣ кашф кард. Мувофиқи ташаббуси ӯ соли 1985 нахустин бор дар ИШ лаборатория барои муолиҷаи лазерии касалиҳои дарунӣ сохта шуда буд. Дар муддати кӯтоҳи умри худ Салом Баракаев захираи хеле калон - 114 то корҳои илмӣ, аз онҳо 7 то ихтироъ ва тафсия, 4 тафсияи назариявӣ барои табибони амалкунанда гузошт. Аз онҳо 16 назария дар ИМА, Австралия, Хитой, Эрон, Югославия, Арабистони Саудӣ, Марокаш ва ғайра нашр шуда буданд. Салом Баракаев котиби генералии Ҷамъияти илмии гастроэнтерологони Тоҷикистон, аъзои Академияи илмҳои Тоҷикистон, аъзои ассотсиатсияи илмҳои гастроэнтерологони ИДМ, нозири маҷаллаи таҳририи маҷаллаҳо "Проблемаҳои гастроэнтерологонӣ", аъзои комиссия оид ба ҳифзи рисолаҳои номзад ва докторон дар ДДТТ буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Комплексная фиброколоноскопия в диагностике хронических колитов / Здравоохранение Таджикистана. — 1982. — № 1. — С. 17—21. (соавт. Мироджов Г. К.)
  • Влияние низкоинтенсивного лазерного излучения на функциональную активность иммунокомпетентных клеток / Здравоохранение Таджикистана. — 1988. — № 2. — С. 24—26. (соавт. Мансуров Х. Х., Ашурова Р. А.)
  • Новое в диагностике и лечении болезней органов пищеварения и диетотерапия в гастроэнтерологии / Клиническая медицина. — 1989. — № 9. — С. 152—154. (соавт. Мишунина Н. Н.)
  • Морфологическая оценка превентивного и лечебного действия низкоинтенсивного лазерного излучения на течение острого токсического гепатита / Архив патологии. — 1989. — Т. 52, № 12. — С. 28—32. (соавт. Мироджов Г. К., Мишанина З. Г.)
  • Влияние гелий-неонового лазера на физико-химические свойства желчи / Бюллетень экспериментальной биологии и медицины. — 1990. — № 8. — С. 157—159. (соавт. Мансуров Х. Х., Джураев Х. Ш., Харина Т. П., Пулатов Д. И.)
  • Сравнительная оценка наружной и эндоскопической лазеротерапии язвенной болезни 12-перстной кишки / Материалы 4-го Всесоюзного съезда гастроэнтерологов. — М. — Л.; 1990. С. 129—130.
  • Низкоинтенсивное лазерное излучение в терапии язвенной болезни / Клиническая медицина. — 1991. — № 7. — С. 44—47.
  • Heliotrope poisoning in Tadjikistan / The Lancet. — 1993. — Volume 341, № 8661. — P. 1663. (Pierre Chauvin, Jean-Claude Dillon, Alain Moren, Talbak Saidov)

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии тандурустии ИҶШС
  • Ихтироъкори ИҶШС

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]