Болшевик (деҳа, н. Балхӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Болшевик
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҷалолиддин Балхӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2180 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3247

Болшевик — деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз Болшевик то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2180 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ сарвари бригада) аҳолии Болшевик аз ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ва вилоятҳои Намангону Сурхандарёи Ӯзбекистон (қунғуротҳо) муҳоҷир шуда, бо сарварии раиси колхози Карл Маркс Сафар Ҷумъаев Болшевикро обод кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]