Вашан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Вашан
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Айнӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1201 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Вашан — деҳа дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ. Аз Вашан то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 31 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1201 нафар (2013), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, нуқтаи хидмати маишӣ, 7 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди қадимӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз наҳри Вашан обёрӣ мешаванд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сабаби дар мавзеи хавфнок воқеъ будани Вашан соли 2000 як қисми аҳолиаш (200 оила) ба ноҳияҳои Истаравшан ва Ғончӣ кӯчонида шуданд. Вашан калимаи суғдӣ буда, маънояш чарогоҳи хубу сероб аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи ривоятҳо дар музофоти Бухоро шаҳре бо номи Ваш мавҷуд буда, мардумаш аслан ба карбосбофӣ машғул будаанд. Дар асри 13 ин шаҳр дар натиҷаи зилзила хароб гашта, аҳолиаш ба болооби дарёи Зарафшон мекӯчанд ва ба хотири шаҳри нобудгаштаашон мавзеи маскунии худро Вашан номгузорӣ мекунанд. Дар шаҳр Панҷакент мавҷуд будани маҳаллаи Вашаниён аз қадимӣ будани Вашан ва робитаи он бо аҳолии шаҳр шаҳодат медиҳад.

Ёдгориҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгориҳои таърихӣ дар мавзеъи Ҳадди Муллои Вашан мақбараи Мавлоно Фатҳуддин маҳфуз мебошад, ки зиёратгоҳи мардум аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]