Jump to content

Гузари Бод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гузарибод)
Деҳа
Гузари Бод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Айнӣ
Ҷамоат Деҳоти Рарз
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 906 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гузари Бод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ. Аз Гузари Бод то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 19 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 906 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, чойхона-фароғатгоҳи «Кони Зар», осиёби хусусӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Испағн обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 7 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст. Наҳри Испағн соли 1989 бо ташаббуси сарвари хоҷагӣ Ҳикматулло Қудратов ба истифода дода шуд.

Шаъсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Доктори илмҳои ҳуқуқ Раҳмонқул Шарипов, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, нависанда Султон Мерган, олими соҳаи кишоварзӣ Ниёзмаҳмад Норов зодагони Гузари Бод мебошанд. Дар маркази деҳа марқади Хоҷа Бибӣ Сомеа мавҷуд аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.