Гиждалобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гиждалобод (деҳа, н. Рӯдакӣ))
Деҳа
Гиждалобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рӯдакӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3195 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137

Гиждалободдеҳа дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гиждалобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3195 нафар (2017), тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа солҳои 1948–49 баъди ба истифода додани Канали калони Ҳисор ва обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида бунёд гардида, аҳолӣ аз деҳаи Чоряккорон кӯчонда шудаанд.

Ицтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 масҷиди панҷвақта, чойхона, 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва 3 анбори нигоҳдорӣ ва фурӯши сӯзишворӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гиждалаобод 22 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуданд. Роҳи оҳани Душанбе – Заводи семент аз ҳудуди деҳа мегузарад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]