Гулобод (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3202 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Гулобод (то 14.12.12 Калинин) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 9 км; то маркази вилоят 44 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3202 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, осиёби барқӣ, корхонаи истеҳсоли фаршҳои сементии «Шамсия», 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 40 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сайфура Зоирова дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]