Гулобод (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Абдӣ Авазов
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3643 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 5 кмм; роҳ мошингард. Аҳолиаш 3643 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулобод мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 7 нуқтаи савдои хусусӣ, 3 осиёби барқӣ, 3 корхонаи хурди пахтатозакунӣ, корхонаи васлкунии дару тирезаҳои пластикӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз чашмаи Қизилсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 36 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Ёдмонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгориҳои таърихӣ дар мавзеи баландии ҳудуди Гулобод харобаҳои Манзартеппа (асри 7) боқӣ мондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]