Саидқул Билолов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидқул Билол
Саидқул Билолов
Таърихи таваллуд 5 октябр 1953(1953-10-05) (70 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999)

Саидқул Билолов (5 октябри 1953, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидқул Билолов 5 октябри соли 1953 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1963 ба Мактаб-интернати миёнаи мусиқӣ хореографии ҷумҳуриявӣ (имрӯз ба номи М. Атоев) дохил гардида, соли 1971 онро бомуваффақият хатм менамояд Замоне, ки ҳамагӣ 12 сол дошт, фаъолияти овозхонии худро шурӯъ кард. Ӯ феълан аз муваффақтарин оҳангсозон ва хонандагони муосири тоҷик аст, ҳарчанд худро ситора намедонад. Саидқул Билолов аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова мебошад.

Солҳои 1971—1976 дар факултаи созҳои халқии (рубоб) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст.

Аз соли 1982 то имрӯз Саидқул Билолов дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда, роҳбари бадеии Ансамбли «Дарё», директори маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ кор мекунад. Солҳои 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва кор бо ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000 вакили мардумии МН МО Тоҷикистон интихоб щудааст.[1].

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Беш аз 300 суруду тарона, бадеҳа, сюитаҳои созӣ-овозии ӯ дар хазинаи радио маҳфузанд. Санъати тоҷикро дар Австрия (1979), Испания (1984), Руминия (1986), Белгия (1994), Германия (1997, 2000), Туркия (2000), Франсия (2005), Хитой (2006), Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон (2007), Қатар, ИМА (2008), Ҳиндустон (2008) муаррифӣ намудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо унвонҳои фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2002), Ордени «Дӯстӣ» (2005) ва медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабти нотавии сурудҳои С. Билолов дар китобҳои «Дарёи суруд» (2002, 2007) ва «Дилнома» (2011) нашр шудаанд.

Сурудҳо ва сюитаҳо

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://www.ozodi.org/content/article/2132419.html Бозор Собир: Ҳеч шоир баробари Саидқул шеър намедонад 19.08.2010 Озодӣ

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таджикская музыка. Д., 2003;
  • Энсиклопедияи Кӯлоб. Д., 2006;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.
  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.