Файзи Ашӯр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Файзи Ашӯр
Файзи Ашӯр
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 1965(1965-11-07) (58 сол)
Зодгоҳ: шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Файзи Ашӯр - шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Файзи Ашӯр 7 ноябри соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 баъд аз хатми мактаби миёнаи №9 шогирди факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, соли 1990 онро ба итмом расондааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1990-1991 муаллими забони арабӣ дар мактаби №9 шаҳри Кӯлоб, 1991-1995 омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1995-2001 китобдори Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар, 2001-2004 мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва алоқа бо созмонҳои ҷамъиятӣ–сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дини дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб будааст. Аз соли 2004 фаъолияти кориашро дар Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб идома додааст. Ҳоло мудири бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳайси шоир ва драманавис шинохта шуда, навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Дунёст саҳна», «Ғизои андеша» ва «Рози оина» ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, муаллифи барномаҳои фарҳангии «Чароғи падарро фурӯзон дор!» (бахшида ба 40-солагии шаҳри Норак), «Наврӯзи Данғара», «Устоди ҳунар» (бахшида ба 60- солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов), «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» (бахшида ба 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ), «Мазҳари тамаддун» (бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкорӣ бо Меҳмон Бахтӣ ва Сафармуҳаммад Аюбӣ) ва ғ. мебошад. Асарҳои саҳнавияш «Захми дил», «Ё раб!», «Давлати Сомониён», «Ҳусайни аробакаш» ва «Фиғон» аз ҷониби Театр-студияи «Авасто», Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Кӯрғонтеппа саҳнагузорӣ ва солҳои гуногун дар фестивал-озмуни «Парасту» пешкаши мухлисон гардонида шудаанд. Солиёнест, ки силсилаи сурудҳояш аз ҷониби хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди шунавандагон гардонида мешавад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Мукофот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин;
  • Ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар.
  • Медали «Хидмати шоиста».[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 52 ISBN 978-99947-2-379-9