Jump to content

ТВ Футбол (Тоҷикистон): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
(бе тафовут)

Нусха 15:05, 2 марти 2017

{{{ном}}}
Мамлакат
Маркази идоракунӣ
Оғоз 21 феврал 2017
Молик Федератсияи футболи Тоҷикистон

«Футбо́л» — шабакаи телевизионии умумимиллии футболи Тоҷикистон. Пахши шабакаи телевизионӣ шабонарӯзӣ аз 21 феврали соли 2017 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, дар возеҳияти баланд HD анҷом мешавад. Мансуб ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Забони асосии шабакаи телевизионӣ — тоҷикӣ, ҳамчунин қисме аз пахш ба забони русӣ бурда мешавад.

Дар бораи шабакаи телевизионии футбол дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 гуфта буданд[1]. Дар моҳи январи соли 2017 дар ВАО маълумот дар бораи дар оянда кушодани шабакаи телевизионии «Футбол» дар формати HD пайдо шуд[2][3][4]. Асосгузори шабакаи телевизионӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Шабакаи телевизионӣ дар режими озмоишӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии 21-уми феврал соли 2017 аз тарафи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ оғоз шуд[5].

Шабакаи телевизионии «Футбол» ба ғайр аз бозиҳои чемпионати Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон вадигар мусобиқаҳои миллии футбол, бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон, ҳамчунин дар эфири зинда (баъзе бозиҳо аз сабти қаблӣ пахш хоҳад шуд), дар формати баланд возеҳ бозиҳои Лигаи бартари Англия, Лигаи бартари Испания, Бундеслигиаи Олмон, силсилаи А Итолиё, Лигаи 1 Фаронса, Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, Лигаи Аврупо УЕФА пахш хоҳад кард. Ҳамчунин дар шабакаи телевизионӣ гузоришу барномаҳо бахшида ба бозигарони машҳур ва мураббиёни ҷаҳон ва Тоҷикистон, аз дастаҳои футбол ва мунтахабҳои миллии мухталиф пахш хоҳад шуд[6][7][8].

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

Шаблон:Примечания

  1. tvnews.by: В Таджикистане появится футбольный телеканал
  2. avesta.tj: Федерация футбола Таджикистана запустит новый телеканал «Футбол»
  3. sports.ru: Федерация футбола Таджикистана запустит новый телеканал «Футбол»
  4. catoday.org: ФФТ Таджикистана откроет новый телеканал «Футбол»
  5. news.tj: Рустам Эмомали запустил телеканал «Футбол»
  6. news.tj: Рустам Эмомали запустил телеканал «Футбол»
  7. fft.tj: Президент ФФТ Рустам Эмомали дал старт вещанию телеканала «Футбол»
  8. ru.sputnik-tj.com: Рустам Эмомали дал стар вещанию телеканала «Футбол»