Jump to content

Қасри Миллат: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Қасри миллат
(бе тафовут)

Нусха 16:50, 20 апрели 2017

Қасри миллат - дар маркази ш. Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қасри миллат, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтмони Қасри миллат дар ш. Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Қасри миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои ШОС дар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид. Қасри миллат як ҷузӣи комплекси бузурги пойтахт, иборат аз Боғи Рӯдакӣ, Боғи Парчам, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое мебошанд, дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд ва симои пойтахти Тоҷикистонро нисбати солҳои гузашта дигаргун намудаанд. Ҷойгоҳ:ш. Душанбе, хиёбони Шерозӣ 11[1]

Ҳамчунин нигаред

28 апрели соли 2016 дар ҷаласаи ширкати NWFA 2016 Wood Flooring Expo дар шаҳри Спрингфилди ИМА барандагони ҷойизаи “The 2016 Wood Floor of the Year” ("Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чубин, русӣ:Лучшие напольные деревянные изображения 2016 года")эълон гардиданд. Байни 8 ғолибони озмун, якеаш ба нигоришҳои фаршҳои чубини Қасри миллат - қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Ин нигориш аз ҷониби ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet”, ки офисаш дар шаҳри Химкии вилояти Маскав воқеъ аст сохта шудааст.[2] Ҷоизаи дигари Қасри миллат ишғол намудани ҷойи дуюм дар рейтинги рӯихати 10 қасри бошукӯҳи президенти дар веб-сайти англисизабони TheeStle мебошад. Аз рӯи зебогии архитектура Қасри миллати Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашта танҳо баъд аз Қасри сафеди ИМА меистад.[3]

Эзоҳ