Jump to content

Қасри Миллат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Қасри Миллат
Кишвар
Макон Душанбе
Сабки меъморӣ неокласситсизм[d] ва меъмории неоклассизм[d]
Меъмор Баҳоваддин Зуҳуриддинов
Бунёнгузор Эмомалӣ Раҳмон
Дата основания 2002
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қасри Миллат — кохе бузург дар маркази пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки аз соли 2008 қароргоҳи асосӣ ва расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Сохтмони Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Кохи Миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхайдар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид.

Сармеъмори лоиҳаи Қасри Миллат Баҳоваддин Зуҳуриддинов мебошад. Тамоми раванди лоиҳакашию сохтмонии Қасри Миллат зери назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфтааст. Толорҳои асосии қабули меҳмонон (андоза 24×24 м, баландӣ 9 м) дар ошёнаҳои якуму дуввум ва севвуму панҷум, Дастгоҳи иҷроияи Президенту мушовирон ва маъмурияту ёварон дар қабати севвум, ошхона барои ходимон ва навбатдорони толор дар таҳхонаи бино ҷой гирифтаанд. Асоси

композитсияи ҳаҷмӣ-фазоии Қасри Миллатро параллелепипеди росткунҷаи 5-ошёна (якҷо бо таҳхонаи бино) ташкил дода, дар меҳвари арзии марказӣ қисми асосию баланд (бо

гунбади зарини маҷлисгоҳи бузург дар қабати панҷум) бармало аст. Композитсияи ҳаҷмии Қасри Миллат дар нақшаи тарҳи бино инъикос ёфта, дар он деворҳои росткунҷа (андозаи

берунияшон 132×90 м), дар пойгоҳстилобат (пойдевор ё таҳкурсие, ки якбора чанд биноро бо ҳам мепайвандад)-и баланд бо 2 меҳвари арзию тӯлии ҳамдигарро буранда, ки зинаҳои васеи нимдоирашакл доранд, сохта шудаанд. Ин меҳварҳо росткунҷаро ба 3 қисми вазифаашон гуногун тақсим кардаанд: дар меҳвари тӯлии барқад 2 қанот (чапу рост) бо долонҳову зинаҳо мураттаб шудаанд. Дар буриши меҳварҳои арзию тӯлӣ атриум (лот. atrium — манзили торик)-и серанга бо толори лифт воқеъ аст, ки маркази қисми асосии 4-ошёна мебошанд. Дар қабати панҷум, болои атриум маҷлисгоҳи мудаввар ҷойгир аст. Дар беруни толори лифт (аз тарафи чапу рости меҳвари тӯлӣ) долони бо 2 қанот пайвастшуда воқеъ аст. Қисми марказӣ бо 2 қанот ва дарзи зиддизилзилаӣ бунёд шудааст. Тарҳбандии классикии қаср дар намуди зоҳирии бино ба таври возеҳ инъикос ёфтааст. Композитсияи 3-ошёнаи рӯйнамои

бино ба тамоми баландии он бо долони сутунҳо пайваст шуда, дар қабати панҷум бо тоқи нимдаврашакл анҷом меёбад. Қанотҳои паҳлуиро сутунҳои баланду зебои долони даромадгоҳи иморат зеб медиҳанд. Дар боми қанотҳо фонусҳои шаффофу зинадори аҳромшакл насб карда шудаанд. Пойдевори баланди бино бо деворҳои бе дару тирезаи намои иморат ба зинапояи асосӣ пайваст мешавад, ки он ба саҳни даромадгоҳи нимдоира мебарад. Бахшбандии намои асосии шарқию ғарбӣ бо тарроҳии меъмории намоҳои паҳлуӣ зеботар шуда, айвонҳои он бо сутунҳои баробари 3-ошёна оро дода шудаанд. Дохили толору биноҳо ва утоқҳои корӣ бо кандакорию гачкорӣ ва нигораҳои сақфу деворҳо зинат ёфтааст.

Дигар донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қасри Миллат соли 2016 дар шаҳри Спрингфилди ИМА барандаи ҷоизаи «Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чӯбӣ»[1] ва аз рӯи ороиши меъморӣ дар рӯйхатти «10 қасри бошукӯҳи президентӣ»-и сомонаи Theestle.Net мақоми дуввумро (баъди Кохи Сафед, Вашингтон, ИМА) касб кардааст[2].

  • Қасри Миллат / Б. А. Зуҳуриддинов, Р. Муқимов // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
  • Муқимова С. Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ (анъанаҳо ва муносибатҳо). Д., 2007;
  • Мамаджанова С., Муқимов Р. Меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе. Д., 2008.