Jump to content

Ёдгор Файзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдгор Файзов
Ёдгор Доёрович Файзов
Таърихи таваллуд: 30 декабр 1961(1961-12-30) (62 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Шуғнон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва Мактаби Олии Комсомолии шаҳри Москва.
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва VI. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Ёдгор Доёрович Файзов — сиёсатшинос, Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва VI. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёдгор Доёрович Файзов 30 декабри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1984 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 1990 Мактаби Олии Комсомолии шаҳри Москваро хатм кардааст. Ихтисос: ветеринарӣ ва сиёсатшиносӣ.

  • Солҳои 1984-1986 — духтури ветеринарии Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Соли (07-10) 1986 — мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Соли (10-12) 1986 — инструктори Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 1986-1987 — мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомоли шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1987 -1990 — котиби якуми Комитети комсомоли шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1990-1992 — котиби якуми Комитети комсомоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 1992-1994 — раиси Созмони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 1994-2001 — муовини менеҷери генералии Барномаи Рушди Деҳоти Фонди Оғохон;
  • Солҳои 2001-2004 — менеҷери генералии Барномаи Рушди Деҳоти Фонди Оғохон;
  • Солҳои 2004-2018 — директори Фонди Оғохони Тоҷикистон;
  • Аз 1 октябри соли 2018 то 25 феврали соли 2019 — иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Аз 25 феврали соли 2019 ин ҷониб — раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • 29 марти соли 2019 - 16 апрели соли 2020 — муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]
  • Аз 17 апрели соли 2020 — Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]

Мукофот ва ҷойизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]