Jump to content

Абдуалим Ҳайдаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуалим Ҳайдаров
Абдуалим Ҳайдаров
Таърихи таваллуд 10 феврал 1947(1947-02-10) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Балҷувон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ (2001), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Абдуалим Ҳайдаров (тав. 10.02.1947, деҳаи Дошмандӣ, ноҳияи Балҷувон) — биохимик, номзади илмҳои биологӣ (1978), дотсент (1986), узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1965—1970 донишҷӯи шуъбаи химия ва биологияи факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1970—1971 муалими кафедраи химияи органикии донишкадаи мазкур, 1971—1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972—1973 мудири лабораторияи таълимии химиявии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1973—1974 коромӯз-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1974—1977 аспиранти мақсадноки Академияи илмҳои ИҶШС (ш. Москва), 1977—1978 ходими илмии Академияи илмҳои ИҶШС, 1978—1995 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1995—1999 мудири кафедраи номбурда, 1999—2005 декани факултети химия, 2005—2006 мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2006 ҳамчун мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Хадамоти давлитии назорат дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Оид ба масъалаҳои омӯзиши таърихи биохимияи ватанӣ, ҷудокунӣ ва тадқиқи сафедаҳои таркиби наботот ва таҳияи усулҳои таълими химияи мактабӣ корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи 2 рисолаи илмӣ, 12 дастури таълимӣ ва зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналхақӣ (Тошкент, Москва, Сакт-Петербург, Киев, Рига) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999), ордени «Дӯстӣ» (2001), ифтихорномаҳои Комитети марказии комсомолии ҶШС Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардидааст.

  • Ферментҳо. Дастури таълимӣ барои донишҷӯён, Д., 1991;
  • Развитие отечественной энзимологии, Д., 1990;