Jump to content

Абдулбашир Рашидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулбашир Рашидов
Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
1986 — 1988
Пешгузашта Рауф Додобоев
Ҷонишин Талбак Назаров

Таваллуд 2 ноябр 1941(1941-11-02)
Даргузашт 22 апрел 2006(2006-04-22) (64 сол)
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои фалсафа

Абдулбашир Рашидов (Рашидов Абдулбашир Рашидович; 2 ноябри 1941, деҳаи Шӯрқӯрғон, ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 22 апрели 2006, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими давлатӣ ва донишманди тоҷик, номзади илмҳои фалсафа[1] (1980). Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1986—1988).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулбашир Рашидов 2 ноябри соли 1941 дар деҳаи Шӯрқӯрғони ноҳияи Конибодом тба дунё омдааст. Вай мисли тамоми фарзандони солҳои ҷанг бе падар (падараш дар ҷабҳаи Ҷанги ҷаҳонии дувум кушта шуд) зиндагии душворе аз сар гузаронд. Модар дар колхоз кор мекард ва дар солҳои охир ба нафақа баромадан дар мактаб ба ҳайси техник кор мекард. Вай дар зодгоҳаш маълумоти ҳафтсола гирифта, соли 1960 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм кардааст[2].

  1. UNESCO HERITAGE PORTAL. old.unesco.kz. 23 Декабри 2021 санҷида шуд.
  2. Навечно в памяти народной… О реформаторе в сфере образования Абдулбашире Рашидове. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (22 апрели 2016). 23 Декабри 2021 санҷида шуд.