Талбак Назаров
— 1 декабри 2006 | |
Нахуствазир | Оқил Оқилов |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Ҷонишин | Ҳамрохон Зарифӣ |
|
|
Таваллуд |
15 март 1938 (86 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Назаров Талбак Назарович |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисод |
Касб | дипломат |
Фаъолият | илми иқтисод ва иқтисод |
Ҷоизаҳо |
Талбак Назарович Назаров (15 марти соли 1938, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1975), профессор (1976), академики Академияи илмҳои ҶТ (1991), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи молия ва иқтисоди Ленинград ба номи Н. Л. Вознесенскийро соли (1960), (инчунин аспирантура (1965) ва докторантураи (1975) — ДМИЛ) хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун муаллими калон (1960—1972)сар карда, ба ҳайси мудири кафедраи молия ва қарз, ҷонишини декан, проректори шуъбаи шабона, декани факултети иқтисодии ДДТ (1976—1982), ректори ДДТ (1982—1988) кор кардааст. Ӯ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (вазифаи ҷамъиятӣ 1986—1988), вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1988—1990), ҷонишини аввали раиси Шӯрои вазирон — раиси Кумитаи давлатии тарҳрезии ҶШС Тоҷикистон (1990—1991), ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ (1991—1994), вазири корҳои хориҷии ҶТ (1994—2006), узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (1991 — то имрӯз), вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980—1990) ва вакили халқии ИҶШС (1991—1992) буд. Ба ҳайси Раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982—1988) фаъолият бурдааст. Ӯ инчунин, раиси ҳайати Ҳукумати ҶТ дар гуфтушуниди байни тоҷикон (1996—1997) барои хотима додани Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолият намудааст ва барои дарёфти оштии миллӣ ва сулҳ дар Тоҷикистон саҳми хешро гузоштааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Талбак Назаров муаллифи зиёда аз 100 рисолаю маколаҳои илмӣ оид ба илми иктисодиёт мебошад. Таълифоти ӯ дар соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон:
- Сиёсати мо сиёсати ошкорост (1996),
- Сиёсати мо созанда аст (1996),
- Тоҷикистон ва мақоми он дар ҷомеаи байналмилалӣ (1997),
- Тоҷикистон: иктисод, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (2001),
- Тоҷикистон:ҳамкориҳои иктисодӣ ва амният (2003),
- Тоҷикистон: рушди иктисодӣ ҳамоиш ва ҳамкориҳои минтакавӣ (2004),
- Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Абдунабӣ Сатторзода)
- Ислоҳоти иктисодӣ, ҳамкориҳо ва амният (2013).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Талбак Назаров
- Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951 Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 15 март
- Зодагони соли 1938
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои суратдор: заполнить свойство P373 в Викимаълумот
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Комиссарҳои халқ ва вазирони ҶШС Тоҷикистон