Мироҷ Абдуллоев
Зоҳир
(Тағйири масир аз Абдуллоев Мироҷ Санонович)
Абдуллоев Мироҷ Санонович | |
Таърихи таваллуд: | 15 август 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб, 1975 |
Ҳизб: | Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мироҷ Абдуллоев (Абдуллоев Мироҷ Санонович; 15 августи 1948, ноҳияи Муъминобод) — ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллоев Мироҷ Санонович 15 августи соли 1948 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1975, Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва соли 1984 Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС-ро дар шаҳри Москва хатм кардааст. Ихтисос-забон ва адабиёти рус ва ҳуқуқшинос.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1966—1968 Муаллими мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Кӯлоб
- Солҳои 1968—1970 Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи ИҶШС
- Солҳои 1970—1975 Сардори Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб
- Солҳои 1975—1979 Нозири калони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Кӯлоб
- Солҳои 1979—1982 Ҷонишини сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилаи вилояти Кӯлоб
- Солҳои 1982—1984 Шунавандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Москва
- Солҳои 1984—1991 Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Совет
- Солҳои 1991-1992- Сардори шуъбаи байни минтақавии Раёсати мубориза ба муқобили чиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ
- 03-10 соли 1992- Сардори шуъбаи 6-уми Раёсати 6-уми ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятиКӯлоб
- Солҳои 1992-1993- Сардори шуъбаи тарбиявӣ ва муҳофизати ҳуқуқии ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб
- Солҳои 1993-1996- Сардори шуъбаи тарбиявӣ ва муҳофизати ҳуқуқии ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
- Солҳои 1996-1997- Ҷонишини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
- Солҳои 1997-1999- Ҷонишин сардори Ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
- Солҳои 1999-2001- Сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
- Солҳои 2001-2004- Нозири калони шуъбаи 2-юми Раёсати кофтукови ҷиноии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2004-2005- Сардори шуъбаи байниноҳиявии дар минтақаи Кӯлоб будаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2005-2011- Ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
- Солҳои 2011- 2014- Сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
- Солҳои 2014- 2016- Ҳуқуқшиноси корхонаи фаръии байни ноҳиявии бақайдгирии техники шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
- Солҳои 2016-2017- Намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии «Ҳомиёни Ватан» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ҳамзамон Котиби аввали Комитети Хизби Коммунистии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб
- Соли 2017 (03-04)- Котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
- Аз апрели соли 2017 то имрӯз Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдуллоев Мироҷ Санонович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 сентябри 2020.