Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдуллоҳи Муншӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ ибни Абдулқодири Муншӣ
ар. عبد الله بن عبد القادر‎
Таърихи таваллуд 12 августи 1797(1797-08-12)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1854[2][3][4] ё октябри 1854[1] (57 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият рӯзноманигор, нависанда, ёддоштнавис, омӯзгор, munshi, донишвар, тарҷумон, муаллиф
Жанр ҳикоят
Забони осор Забони малайӣ[1]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдуллоҳ ибни Абдулқодири Муншӣ (мол. Abdullah bin Abdul Kadir Munshi; 1796, Малакка — 1854, Макка) — нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд. Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), «Қиссаи саёҳати Абдуллоҳ ибни Абдулқодир аз Сингапур то ба Калантон» (1849), «Қиссаи саёҳати Абдуллоҳ ба Ҷидда» (1854) тааллуқ доранд. Абдуллоҳи Муншӣ «Калила ва Димна»-ро ба забони малайӣ тарҷума кардааст (1835).

Китобшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Zahari A Rashid. Kenangan-kenangan Abdullah Munsyi (Мемуары Абдуллаха Мунши). Petaling Jaya, Selangor IBS Buku Sdn. Bhd 2008.