Абдулло Табарӣ
Абдулло Табарӣ | |
---|---|
Абдулло Ҳабибулло Табарӣ | |
Таърихи таваллуд: | 11 феврал 1963 (59 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 1985 |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Табарӣ Абдулло Ҳабибулло – олим, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Табарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 феврали соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1985 Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣро хатм кардааст. Ихтисос математик-физик. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор. Бо ҷоизаи баноми Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 1998) мукофотонида шудааст
- Солҳои 1980 -1985- донишҷӯи Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Солҳои 1985-1987- Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Горький
- Солҳои 1988-1989- Коромӯзи Институти математикаи Академияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
- Солҳои 1989-1992- Аспиранти Институти математикаи Аакадемияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
- Солҳои 1993-1995- Муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
- Солҳои 1996-1999- Докторанти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- Солҳои 1999-2002- Сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён вахонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- Солҳои 2002-2006- Мудири кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, ш.Душанбе
- Солҳои 2006-2010- Дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- Солҳои 2010-2011- Мудири шуъбаи математикаи Институтиилмҳои таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2011-2012- Мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Аз соли 2012 то 2020 - Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
- Bulleted list item
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Табарӣ Абдулло Ҳабибулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 11 феврал
- Зодагони соли 1963
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҳамадонӣ
- Докторони улуми физика ва математика
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон