Абдулло Қодирии Мумтоз
Абдулло Қодирии Мумтоз | |
---|---|
Абдулло Қодирии Мумтоз | |
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1936 |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 24 май 2009 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | тарона |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Абдулло Қодирии Мумтоз — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).
Зиндагинома[вироиш]
Абдулло Қодирии Мумтоз 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии ҷумҳуриро бар ӯҳда доштааст. Ҳанӯз аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Солҳои охир таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Ӯзбекистон – Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон – Гулшод Отаҷонова, Туркманистон – Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон – Пӯлод Булбул-оғлӣ, Афғонистон – Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон – Аҳмадхон, Эрон – Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико – Саттор ва Милод тараннум мекунанд. 24 майи соли 2009 аз олам даргузашт.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Риштаи тасвир» (1979), «Хандаи субҳ» (1982), «Боргоҳи ишқ» (1983), «Чамани хаёл» (1985), «Оби нуқра» (1986), «Айёми гул» (1989), «Гулшани роз» (ба «Сабзаи мижгон» (2000), «Сукути гиряҳо» (2004), «Меҳроби сухан» (2004) ва ғ. дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби «Саодати омӯзгор (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд.
Ҷоизаҳо[вироиш]
- Корманди шоистаи Тоҷикистон;
- Аълочии маорифи ҷумҳурӣ;
- «Ветерани меҳнат» (1998).[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.140 ISBN 978-99947-2-379-9