Jump to content

Абдулмаҷид Достиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулмаҷиди Бохтарӣ)
Абдулмаҷид Достиев
форсӣ: عبدالمجید داستیف
тоҷикӣ: Абдулмаҷиди Бохтарӣ
Таърихи таваллуд: 10 май 1946(1946-05-10) (78 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Таҳсилот:
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ[d] ва доктори илмҳои сиёсӣ[d]
Ҳизб:
Навъи фаъолият: диплумот, нависанда, шоир, сиёсатмадор
Мукофотҳо:
медали «Барои меҳнати шоён» Ордени Исмоили Сомонӣ
Ордени Дустӣ ордени «Ҳамкорӣ»
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдулмаҷид Достиев (Достиев Абдулмаҷид Салимович; зод. 10 май 1946, Қӯрғонтеппа) — сиёсатмадор, сиёсатшинос, шоир, нависанда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Арбоби хидматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулмаҷиди Бохтарӣ 10 майи соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, соли 1965 мактаб-интернати № 4 ноҳия, соли 1974 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, соли 1987 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба итмом расондааст. Аз декабри соли 1965 то декабри 1968 дар Округи ҳарбии «Приволжск» хидмати аскариро ба ҷой овардааст. Аз январи соли 1969 то майи ҳамон сол корманди колхози ба номи Ленини ноҳияи Қӯрғонтеппа, аз май то то август шунавандаи курси тайёрӣ, аз сентябр то марти соли 1974 донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, аз апрели 1974 то апрели 1976 корманди колхози номбурда, солҳои 1976—1977 сарагрономи раёсати кишоварзии Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи Қӯрғонтеппа, солҳои 1977—1980 инструктори Кумитаи ҳизби коммунисти Қӯрғонтеппа, аз март то августи 1980 муовини раис ва котиби озоди кумитаи ҳизбии колхози ба номи Ленин, аз августи ҳамон сол мудири шуъбаи кишоварзии Кумитаи ҳизбии шаҳр, солҳои 1980—1986 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Коммунистӣ (Бохтари ҳозира), солҳои 1987—1988 раиси Кумитаи назорати халқи ноҳия солҳои 1988—1992 раиси Кумиҷрояи Шӯрои вакилони халқи ноҳия, солҳои 1992—1995 муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ, солҳои 1995—2000 муовини якуми Раиси Маҷлиси Олӣ, солҳои 2000—2007 муовин ва муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, солҳои 1990—1995 вакили мардум дар Шӯрои Олӣ (даъвати 12), солҳои 1995—2000 вакили Маҷлиси Олӣ (даъвати якум), солҳои 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (даъвати дувум) ва солҳои 2005—2007 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати савум) аз соли 2007 то 2014 Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия будааст.

Дар баробари пешбурди фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, осори манзуму мансуру публитсистӣ бо исми Абдулмаҷиди Бохтарӣ эҷод кардааст. Муаллифи китобҳои «Конститутсияи нав оинаи таҳаввулот дар Тоҷикистон» (Маскав, 1977), «Мавқеъ» (1999), «Ашки хома» (1999), «Конститутция Республики Таджикистан 1999 года. История разработки, принятия, внесение изменений и основные положения» (2001), «Ҳизби зодаи масъулият» (2000), «Аз худ натавон гурехтан» (2001), «Тоҷикистон — шикастанҳо ва бастанҳо» (2003), «Истиқлоли Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он» (2005), «Ваколати инсонӣ» (2005), «Ситораи ғолиб» (2006), «Раҳоварди зиндагӣ» (2007), «Таджикистан после распада СССР» (2007) ва ғ. мебошад.

  • Ордени «Исмоили Сомонӣ»;
  • Ордени «Дӯстӣ»;
  • Медалу ифтихорномаҳои Русия, Афғонистон ва Қирғизистон.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.60-61 ISBN 978-99947-2-379-9