Абдулфаттоҳ Аминзода
Аминов Абдулфатоҳ Ҳакимович | |
Таърихи таваллуд | 5 апрел 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Бобои Валӣ, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология (2019) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (2003) |
Абдулфаттоҳ Аминзода (то соли 2024 Аминов Абдулфатоҳ Ҳакимович; 5 апрели 1981, деҳаи Бобои Валӣ, ноҳияи Файзобод) — фолклоршинос ва фарҳангшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (2019)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуфаттоҳ Аминов 5 апрели соли 1981 дар деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[2]. Соли 1998 мактаби миёнаи № 9-и зодгоҳашро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 2003 баъди хатми донишгоҳи мазкур дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолияти кориро оғоз намудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 2006—2009 дар бахши рӯзонаи аспирантураи шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ таҳсил намудааст. Дар замони аспирантияш ба ковишҳои гурӯҳии фолклоршиносони шуъба ҳамроҳ шуда, дар байни солҳои 2007—2008 аз сокинони ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир, Варзоб, Файзобод, Панҷакент, Фархор ва Дарвоз намунаҳои фолклориро дар шаклҳои сабти хаттию овозӣ ва тасвирӣ гирдоварӣ намудааст.
Соли 2009, баъди хатми аспирантура дубора ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба кор даъват мешавад. Аз моҳи феврали соли 2009 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ корро оғоз намуда, аз моҳи марти соли 2010 то феврали соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги донишгоҳи мазкур, ҳамзамон муаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ фаъолият менамояд. Аз соли 2012 то 2015 ба ҳайси ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ифои вазифа намудааст. Солҳои 2015—2017 дубора дар вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ҳамзамон ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ фаъолият мекунад. Аз моҳи марти соли 2017—2020 дар вазифаи мудири шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст. Аз моҳи августи соли 2020 то сентябри соли 2022 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва аз моҳи сентябри соли 2022 то имрӯз дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда истодааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуфаттоҳ Аминов дар мавзӯъҳои гуногуни фарҳангӣ дастовардҳои зиёди илмӣ дорад. Ӯ муаллифи беш аз 70 мақолаҳои илмӣ, ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Абдулфаттоҳ Аминов дар давоми фаъолияти корӣ ба тариқи ҳаммуаллифӣ 4 китоб таҳия намудааст. Инчунин, мураттиби маҷмӯаи мақолаҳои «Таҳқиқи равандҳои инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанги миллӣ» мебошад, ки соли 2017 аз ҷониби нашриёти «Аржанг» нашр гардидааст. Соли 2010 маҷмӯаи илмӣ-оммавии «таронаҳои гулбазм»-ро тартиб дода, пешкаши хонандагон гардонидааст. Соли 2018 монографияи илмиаш бо номи «Ҷойгоҳи гулбазм дар ҷашни арӯсии мардуми тоҷик (дар мисоли ноҳияи Файзобод)» дар ҳаҷми 178 саҳифа ва бо теъдоди 150 нусха аз чоп баромадааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фармоишҳо оид ба додани дараҷаи илмӣ (бойгонӣ - 2019). vak.tj. КОА (27 Декабри 2019). 16 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2021.
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4