Абдулҳамиди Котиб
Таърихи таваллуд: | асри VII |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 756 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, адиб |
Забони осор: | арабӣ[1] |
Абдулҳами́ди Коти́б Абуғолиб Абдулҳамид ибни Яҳё ибни Саъд (асри VII — 756, Миср) — нахустин нависандаи эронитабор дар замони Уммавиён, донишманди улуми исломӣ ва устоди шеъри араб, аз котибон ва мулозимони халифаи уммавӣ Марвон ибни Муҳаммад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғози фаъолият дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ ба таълими кӯдакон машғул шудааст. Баъдан дар девони халифаҳо Язид ибни Абдулмалик (ҳукмр. 720—724), Ҳишом ибни Абдулмалик (ҳукмр. 724—743) ва охирин халифаи умавӣ Марвон ибни Муҳаммад (ҳукмр. 744—750) хидмат кардааст. Дар замони Марвон Абдулҳамиди Котиб сарварии девони расоилро ба уҳда дошт ва яке аз муқаррабону мушовирони халифа гардид. Абдулҳамиди Котиб шахси бомаърифат, донандаи таъриху адабиёт ва забони арабиву форсӣ буд. Абдулҳамиди Котиб чун нависанда, поягузори навъи адабии тарассул дар насри арабӣ маъруф гардидааст. Расоили навиштаи ӯ шуҳрати тамом доштанд ва аксар ашхоси ба ин касб машғулбуда ба ӯ пайравӣ мекарданд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи ахбори Ибни Надим маҷмӯи расоили тадвиншудаи Абдулҳамиди Котиб беш аз ҳазор саҳифаро дар бар мегирифтааст. То замони мо миқдори ками расоили Абдулҳамиди Котиб тавассути осори таърихиву адабӣ расидаанд. Расоили бозмонда аз Абдулҳамиди Котиб дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ навишта шудаанд. Яке аз рисолаҳо аз ҷониби халифа Марвон ба писараш (валиаҳдаш) иншо гардидааст. Номаи дигар — «Рисола ила-л-куттоб» дастурест ба котибон (дабирон) оид ба нозукиҳои ин касб ва таъкиди донишандӯзӣ дар соҳаҳои таърих, адабиёт ва диг. илмҳо. Ҳашт номаи дигар аз Абдулҳамиди Котиб расидааст, ки дар мавзӯъҳои наҳйи шатранҷ, дар васфи бародарӣ, оид ба шикор, оид ба хонаводаи хеш, зикри фатҳ, дар таваллуди фарзанд, дар бурузи як фитна ва оид ба яке аз ёғиёни ҳукумат навишта шудаанд. Аз осори Абдулҳамиди Котиб бармеояд, ки ӯ аз осори адабиёти тоисломии эронӣ вуқуфи комил доштааст ва аз он дар таълифи рисолаҳояш истифода бурдааст. Дар баъзе рисолаҳои ӯ таъсири андарзномаҳои адабиёти паҳлавӣ эҳсос мешавад. Ба воситаи эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб анъанаҳои адабиёти мардуми эронинажод ба насри араб гузаштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулҳамиди Котиб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ибни Халликон, Вафайот ал-аъйон ва анбоу абно-из-замон, ҷ-ҳои 1 — 8, Бейрут, 1968—1972;
- Фильштинский И. М., История арабской литературы, М., 1985.