Абдуманнон Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуманнон Абдуллоев
Таърихи таваллуд 17 декабр 1950(1950-12-17) (73 сол)
Зодгоҳ Конибодом
Кишвар
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо
Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: (1994)
Унвонҳои илмӣ

профессор (2006)

Доктори илмҳои биология(1994)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973)
Ҷоизаҳо Ходими хидматнишондодаи илм ва маорифи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (2016)

Абдуманон Абдулло́ев (тав. 17 декабри 1950, Конибодом) — физиолог-биохимик, доктори илмҳои биология (1994), профессор (2006), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (2016). Ходими хидматнишондодаи маориф ва илми - узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (2016)[1],

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоев Абдуманнон - 17-уми декабри соли 1950 дар шаҳри Конибодом дар хонадони зиёи ба дунё омадааст. Соли 1958 ба мактаби миёнаи №7 ш. Конибодом рафта ва соли 1968 мактаби миёнаро хатм намудааст. Дар ҳамон сол ба факултаи химияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1973 донишгоҳро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро ҳамчун омӯзгор дар мактаби №3 ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) огоз намуда сипас дар заводи химиявии ноҳияи Исфара кор кадааст. Аз соли 1975 -1978 аспиранти Институти физиология ва биофизикаи рустаниoои АИ ҶТ, лаборанти калон 1978-1980, корманди хурди илми 1980-1983, ходими калони илми 1983-1985, аз соли 1985 то ин ҷониб мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институт. Соли 1980 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи омӯзиши структураи РУБИСКО ҳимоя намудааст. Соли 1994 дар мавзӯъи «Ферментҳои карбоксилони ва танзими ассимилиятсияи гази карбонат дар рустаниҳои дараҷаи оли» рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудааст. Самти тадқиқотҳои илми гуногунчабҳа буда, зиёда аз 30 сол инҷониб барои яке аз равандҳои ҳаёт тавлиди илми биология- фотосинтез бо кушишу зиёди амалпешаги, корҳои илмии муҳиму зарурро анҷом медиҳад. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография. Нақши Абдуллоев А. дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон дар илмӣ биологияи Тоҷик мавқеъи хоса дорад. Дар таҳти роҳбарии Абдуллоев А. 10-нафар рисолаи номзади ва доктори илмиро бо муваффақият ҳимоя намудаанд. Соли 1994 Абдуллоев А. рисолаи доктори худро ҳимоя намудааст. Соли 2004 бо сифати профессори хориҷи дар Донишгоҳи Малаканди Покистон дар 3-семестр кор кардааст. Соли 2007 унвони профессор дар соҳаи «Физиология ва биохимия рустани»-ро гирифтааст. Оиладор соҳиби 3-писар.

Фаъолиятҳои илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1980 натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худро дар мавзӯъи «омӯзиши сохтори рибулозобифосфат- карбоксилаз-оксиген аз бо усули нишони спини» дар ш. Тиблиси рисолаи номазадии худро ҳимоя намудааст. Соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯъи «Ферментҳои карбоксилони ва танзими ассимилиятсияи гази карбонат дар рустаниҳои дараҷаи олӣ». Самти асосии тадқиқотиҳои илми Абдуллоев А. ин омӯзиши фотосинтез ва метаболизми фотосинтетикии карбон дар рустаниҳои дараҷаи оли ба омилҳои экологӣ ва зиёдшавии маҳсулнокии рустаниҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Дар солҳои охир тадқиқот дар ин самт дар байни физиологҳо ва биохимиконе, ки масъалаҳои фотосинтезро дар аспетҳои экологӣ меомузанд мавқеъи хоса дорад. Дар ин ҷода усулҳои мушаххаси ҷудокуни ва тозакунии ферментҳои фотосинтез РУБИСКО, ФЕП-карбоксилазаҳо ва дигар ферментҳои фазаи карбоксилшави ба роҳ монда шудааст. Дар хлоропластҳои С3-рустаниҳо амалиёти то ҳол номаълуми табдилёбии туршии С4, ки ба ҳосилшавии туршиҳои карбондор, яъне декарбоксилшавии С4-туршиҳои дукарбона (бо иштироки ферментҳои ФЭП-система) ва истифодаи бокимондаҳое, ки дар давраи Калвин ҳосил шудаанд, нишон дода шудааст. Вазифаи физиологии ин протсес дар шароити муътадил аз таъмин намудани синтези пайвастагиҳои органики иборат аст, аммо ҳангоми фарорасии шароитҳои номусоид, вай воситаи иловагии дастрас намудани гази дуоксиди карбон ба маркази карбоксилшавӣ мешавад. Дар шароити муътадил синтези туршиҳои органики, аминокислотаҳо, сафедаҳо ва липидҳо таъмин карда мешавад, аммо дар шароити номусоид бошад, роҳҳои иловагии дастраскунии гази карбонат (СО2) ба марказҳои карбоксилшави фаъолият мекунад. Фаъолкунонии ФЕП-карбоксилшави дар шароитҳои номусоиди муҳит ҳамчун аломати мутобиқ буда, бо ошкор шудани қобилияти ҳасос ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит, ошкор мешавад Фаъолкунонии ФЕП-карбоксилшави дар шароитҳои номусоиди муҳит ҳамчун аломати мутобиқатӣ буда, бо ошкор шудани қобилияти хасос ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит, ошкор мешавад.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулоев А. яке аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи физиология ва биохимияи фотосинтез дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1975 то ин ҷониб дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании (собик Институти физиологияи рустани ва генетика) АИ ҶТ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба фаъолият намуда, дар тадқиқоти ҷудокуни ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ ва кимиёвии карбон дар C3 ва C4 фотосинтези ва танзими он дар омилҳои экологӣ. Таҳти роҳбарии Абдуллоев А, омӯзиши фаъолияти фотосинтетики C3 дар рустаниҳо шароити гуногуни экологӣ омухта шудааст. Ин натиҷаҳоро метавон натанҳо барои пешгуии ва барномасозии таркиби ферментҳои карбоксилшави, балки ҳамчунин барои ҳалли вазифаҳои актуали оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хочагии русто истифода бурд. Дар солҳои охир ӯ ба омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои физиологии зироатҳои нигаронида шудааст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев А. кор оид ба омӯзиши равандҳои физиологи гандум дар мавсими кишт дар сенарияҳои мухталифи тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо рустании гандум гузаронида шудааст. Дар ин ҳолат маҳсулнокии биологӣ ва хоҷагии рустани омухташуда, инчунин баҳодиҳи биохимиявии сифати дони гандум (сафеда, крахмал, нахи ва таркиби элементари) гузаронида шуд. Маълумотҳои ба даст омада дар таъсиси моделҳои математикии гандум дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим истифода шудаанд. Роҳбари барномаи ҳамкориҳои илмӣ ва техникии бо Академияи илмҳои Булғория (Варшава Паймони (CMEA), 1981-1990). Менеджери лоиҳаи ISESCO «Таъсири нурҳои ултрабунафши радиатсиони ва СО2 дар рустаниҳои дараҷаи олӣ», 1996-1998. Менеджери лоихаи ISESCO «Таъсири омилҳои антропогени дар ҷамоаи рустаниҳо», 2003-2005. Менеджери лоиҳаи МБИТ «Тадқиқот барои таъсири тағйирёбии иқлим ба афзоиши, рушд ва ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон» (Т-1635). 2008-2011. Суб-менеджери лоиҳаи МБИТ «Фаъолияти биологии олигосахаридҳо ва комплекси он бо полифенол» (Т-2148). 2015-2018. ҳамчунин иштирокчии лоиҳаҳои МБИТ Т-1420 ва Т-1436 бо Институти Химияи АИ ЧТ. Дар асоси ин корҳои илмию тадқиқоти таҳти роҳбарии Абдуллоев А. 9- номзад ва 1- доктори илм (рисолаи доктори Чумаев Б.Б., рисолаи номзади Абдураҳманова З.Г.,Гайратов Б. П., Акрамов У., Сафаров Е.,Амонов Б.,Саидов Н.,Каримова И., Бобоев И.) Профессор Абдуллоев А. муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илми, аз ҷумла 5 монография.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдуллаев А., Абдурахмонова З.Н., Джумаев Б.Б. Метабализми фотосинтетикии карбон дар пахта, Китоб. Душанбе: Дониш, 2001. 94 с.
  2. Эргашев А., Абдурахмонова З.Н., Джумаев Б.Б., Абдуллаев А. Таъсири нурҳои ултрабунафш дар нишиондихандаҳои физиологи ва биохимияви дар рустаниҳои баландкуҳ. Китоб. Душанбе: Дониш, 2006, 114с.
  3. Амонов Б.П., Абдуллаев А., Нигмонов М., Ҳайдаров А. Сафедаи дони гандуме, ки дар шароитҳои Тоҷикистон парвариш шудааст. Китоб. Душанбе: Дониш, 2010. 118с.
  4. Абдуллаев А., Эргашев А., Джумаев Б.Б., Абдуллаев Х., Каримова И. Физиологияи пахта дар шароитҳои стрессӣ. Китоб. Душанбе: Дониш, 2013, 179с.
  5. Абдуллаев А., Каримов Х.Х., Эргашев А., Джумаев Б.Б.,

Касымова Г.Ф., Маниязова Н.А., Сабоиев И., Усманов Т., Абдуллаев С. Физиологияи гандум дар шароити Тағйирёбии иқлими. Китоб. Душанбе: Дониш, 2015. 162 с.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дар соли 1980 А. Абдуллоев бо гурӯҳи олимони ҷавон унвони Лауреати Ҷоизаи Ленин комсомолии Тоҷикистон барои силсилаи корҳои «Синтези комплексҳои гузариш металлӣ, радикалии иминоксили ва татбиқи онҳо дар фанҳои химия, физика ва биология молекуляри сарфароз гардонида шуд
  • Ходими хидматнишондодаи илм ва маорифи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (2016)

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.