Jump to content

Абдумаҷид Усмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдумаҷид Усмон
Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода
Таърихи таваллуд 1 март 1957(1957-03-01) (67 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор
Ҷоизаҳо

Корманди шоистаи Тоҷикистон
Ордени Ситораи Сурх
медали «Хидмати шоиста»

Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода — рӯзноманигор, узви ҳақиқии Академияи Телевизион ва Радиои АвруОсиё (2011), Корманди шоистаи Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода 1 январи соли 1957 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1979 факултети Забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намудааст. Солҳои 1977—1978 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 1989—1991 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумони низомӣ хидмат намудааст. Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири Сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст. Аз соли 1986 то соли 1996 ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъба, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 2004—2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошт. Бо қарори Ҳукумати ҶТ 1 марти соли 2006 ба вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъйин карда шуд. 3 ноябри соли 2008 бо қарори Ҳукумати ҶТ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъйин гардид. Муаллифи як силсила барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ. Дар шабакаҳои телевизионии СNN, РТР Федератсияи Русия ва «Ал-Ҷазира» ихтисосашро такмил додааст.