Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз
Абдураҳмон Наврӯзович Маҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 25 июн 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, |
Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович (25.06.1958, шаҳраки Муъминобод) — олим, доктори илми сиёсатшиносӣ (1993), профессор (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1984 хатм намуда, дар ҳамин ҷо чун ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ ба фаъолият пардохт.
- Солҳои 1986-1988 — коромӯзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин,
- 1989-1992 — аспиранти Университети давлатии Белорус,
- 1993-1997 — муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
- 1997-2001 — муаллими калони Коллеҷи ҳарбии ҷумҳурӣ ва сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,
- 2001-2006 — ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон,
- 2007-2011 — декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.[1]
- 2015-2019 — директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.[2]
- 2004-2017 — ҳамчунин Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон.
- Ҳоло — ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.[3]
Муҳаммад А. Н. Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон (2004 то 2017), Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини «Самбо» ва устоди варзиши «гӯштинигирӣ» мебошад. Таҳти сарпарастии ӯ 3 нафар устодони варзиш оид ба гӯштин тарбия ёфтаанд. Муаллифи китобчаи «Фалсафаи варзиши Ибни Сино» ва дигар дастурҳои илмӣ-методӣ ва варзишӣ низ мебошад.
Дар маҷмуъ, муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, 6 монографияи илмӣ, 10 брошура ва 8 китоби дарсӣ мебошад.[4]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доманаи таҳқиқоти Муҳаммад А. Н. васеъ аст, бобати асосҳои сиёсатшиносӣ, амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он, низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир, ахлоқи сиёсӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии он, риторика ё илми суханпардозӣ ва мубоҳисаҳои сиёсӣ ва ғайра беш аз дусад таълифот ба табъ расондааст. Ӯ яке аз асосгузорони мактаби сиёсатшиносии тоҷик аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ. – Кӯлоб., 1992;
- Политология, предмет, структура и задачи курса. – Куляб., 1993;
- Процесс межнационального общения как социално – политического финомина (опыт Таджикистана). – Куляб., 1993;
- Асосҳои сиёсатшиносӣ. Курси лексияҳо. – 1995;
- Социология конфликта. – Куляб., 1995;
- Низои байни тоҷикон ва хусусиятҳои он. – Д., 1997;
- Политические режимы. – Куляб., 1999;
- Политическое поведение: социальние факторы и формы проявления. – Д., 2000;
- Тоҷикистон дар масири истиқлол. – Д., 2000;
- Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления. – Д.,2000;
- Стратегияи амнияти миллии Тоҷикистон. – Д., 2000;
- Сиёсат ва равандҳои ҷомеа. – Д.,2001;
- Низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир. – Д., 2003;
- Политические поведения: некоторые аспекты структурного анализа. – Д., 2003;
- «Ҳар кӣ моро ёд кард…». – Д., 2005;
- Фалсафаи варзишии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 2005;
- О политике и государственной деятельности Алии Хамадони. – Д., 2005;
- Хаким Санои и необходимость изучения его философии в новых условиях. – Д., 2006;
- Культура речи Хаджи Хусейна. – Д., 2006;
- Инновация оброзования и проблемы преподования общественных наук. – Д., 2006;
- Ибни Сина: Взгляд на физическое воспитание с точки зрения философии. – Киев., 2005;
- Политическая оппозиция как субъект конфликта. (Опыт социално-политичекого анализа). – Д., 2007;
- Националный интерес Таджикистана. Методическое руководство. – Д., 2009;
- Международный олимпизм на пороге XXІ века. – Д., 2010;
- Суханварӣ ва баҳси сиёсӣ. – Д., 2011 (ҳуруфи форсӣ);
- Муқаддимаи идеяи миллӣ. Китоби дарсӣ. – Д., 2013;
- Назарияҳои сиёсии муосир. – Д., 2014;
- Муошират ҳамчун фаъолияти сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон). – Д., 2015;
- Общение как политическая деятельность. – Д., 2015;
- Методикаи таълими риторика. Васоити таълимию методӣ. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
- Риторика и политическая полемика. – Д., 2015.[5]
Ҷоиза ва мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Хидмати шоиста» (2011).
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба илм ва техника (2018).[6]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВ(тоҷ.). ifppanrt.tj (2019). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ НОИБОНИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз(тоҷ.). www.anrt.tj. anrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2023.
- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 327.
- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
- Зодагони 25 июн
- Зодагони соли 1958
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Муъминобод
- Докторони улуми сиёсатшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Сиёсатшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон