Абдурраҳмони Судайс
Абдурраҳмони Судайс | |
---|---|
араб. ар. عبد الرحمن السديس | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | имом, фақеҳ, профессор |
Таърихи таваллуд: | 22 ноябр 1962 (61 сол) |
Зодгоҳ: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Маълумот: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Абдурраҳмон ибни Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Судайс (ар. عبد الرحمن بن عبد العزيز السديس; зод. 22 ноябр 1962, Букайрия[d], Қасим[d]) — имоми Масҷидулҳаром ва яке аз қориёни машҳури Қуръон дар ҷаҳон. Дуктури улуми шариат дар Усулу-л-фиқҳ. Раиси кулли корҳои Масҷидулҳаром ва Масҷиди Набавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ ба қабилаи Аниза тааллуқ дорад. Вай дар Риёз зиндагӣ мекард ва дар синни 12 солагӣ Қуръонро ҳифз кард[1]. Вай дар Дабистони ибни Ҳорис ва сипас дар Муассисаи улуми Риёз таҳсил кард, ҷое ки дар соли 1979 бо дараҷаи олӣ фориғуттаҳсил шуд. Вай баъдан ба Академияи исломии Риёз пайваст ва дар соли 1982 бо мадраки шариъат фориғуттаҳсил шуд. Соли 1987 коршиносии аршадро дар риштаи шариати исломӣ дар Донишгоҳи исломии имом Муҳаммад ибни Саъуд гузаронд ва дуктурои худро дар Донишгоҳи Уммулқуро дар соли 1995 гирифт, дарҳоле ки ба унвони устод дар онҷо машғули тадрис буд.
Ӯ нависандаи чандин китоб дар мавзӯъи шариъат аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдурраҳмони Судайс ба далели садои бисёр мулоим, отифӣ ва контролшудааш дар қироати Қуръон шинохта шудааст. Вай ба муносибати нуҳумини соли Ҷоиза байнулмилалии солонаи Қуръони муқаддаси Дубай ба унвони шахсияти исломии соли 2005 муаррифӣ шуд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Biography of Abdul Rahman Al Sudais. Assabile. 18 октябри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Dubai International Holy Quran Award. web.archive.org (11 июли 2007). 16 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июли 2007.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мусҳафи комил бо савти Абдурраҳмони Судайс (ба ривояти Ҳафс аз Осим)(тоҷ.). MP3 Quran. 16 апрели 2021 санҷида шуд.