Jump to content

Абдурраҳмони Хозинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмони Хозинӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ахтаршинос, файласуф, механик, физикдон, мунаҷҷим, риёзидон
Таърихи таваллуд: тақрибан 1077
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1155
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Ҷойи кор: Марв
Устодон: Умари Хайём ва Музаффари Исфизорӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абулфатҳ Абдурраҳмон Мансури Хозинӣ (форсӣ: أبوالفتح عبدالرحمن منصور الخازنی‎; тақрибан 1077, Эрон1155) — механик, физикдон, ахтаршинос, риёзидон, кимиёдон[1] ва файласуфи юнонитабори форс-тоҷик, шогирди Умари Хайём.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳмони Хозинӣ ғуломии юнонӣ ё рӯмӣ буд, ки пас аз пирӯзии Салҷӯқиён бар Имперотурии Руми Шарқӣ ҳамроҳи бисёре аз юнонёни бизонсии дигар ба унвони барда ба Осиёи Марказӣ бурда шуд. Хоҷааш Алӣ Хозинии Марвазӣ сабаб шуд, то дар Марв таҳсилоти илмӣ ва фалсафии хӯбе дошта бошад.

Муаррих ва шоири маъруф Заҳируддин Байҳақӣ, ки ҳамзамон риёзидон, ахтаршинос ва пизишк буда, бо Абдурраҳмони Хозинӣ ошноӣ доштааст ва дар «Сивону-л-ҳикма»-и худ дар бораи ӯ маълумот додааст. Бахше аз тарҷимаи форсии он дар китоби «Доирату-л-ахбор» чунин аст: «Ғуломе буд румӣ азони Алӣ Хозинии Марвазӣ, таҳсили улуми ҳандаса кард то он ҷо, ки комил шуд ва дар маъқулот низ он чӣ мувофиқи ӯомад бар он таҳсил ёфт… Ва бо ин фазоили таҷарруд зӯҳд (гӯшанишин) зӯҳд ихтиёр кард. Ҷомаи хулқонӣпӯшидӣва дар ҳафта се навбат ғизо хӯрдӣ, ҳар хуриш ду гарда (резаи) нон доштӣ. Гӯянд, султони азим Санҷар ӯро ҳазор динор фиристод, онро рад кард ва гуфт: Маро даҳ динор зар ҳаст ва маро се динор (дар сол) кофӣ аст ва бо ман дар хона ҷуз гурбае нест».

Абдурраҳмони Хозинӣ дар Марв дар дарбори Султон Санҷар зиндагӣ ва кор кардааст. Хозинӣ шогирдони зиёде дошт, ки маъруфтаринашон Самарқандӣ аст[2].

  1. John William Draper. History of the Conflict between Religion and Science. — 1878. — P. 237. — ISBN 1-60303-096-4.
  2. سرنوشت خازنی: داستان غم‌انگیز دانشمندان ایران « پژوهش‌های ایرانی(форсӣ). 7 Январ 2021 санҷида шуд.