Jump to content

Абдурраҳмони Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмони Хоразмӣ
Таърихи даргузашт: 1462(1462)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хаттот,хушнавис
Солҳои эҷод: 1436[1]1476[2]
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдурраҳмони Хоразмӣ(? — 1462, Хоразм) — хаттот, настаълиқнавис ва донишманди форс-тоҷик, падари Абдулкарим ва Абдурраҳими Хоразмӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз устодони маъруф ва муваффақи хати настаълиқ. Бештари умраш дар Шероз ва Бағдод гузаштааст. Чанде ҳамроҳи писараш Абдурраҳим дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (ҳукмронӣ 14781490) хидмат кардааст. Аз рӯйи яке аз дастхатҳои дар Музейи осори турк ва ислом (Истанбул) маҳфузбудаи Абдурраҳмони Хоразмӣ маълум мешавад, ки ӯ солҳои 50 садаи XV дар дарбори ҳокими Шероз Пир Будоқ ибни Ҷаҳоншоҳи Қароқуюнлу низ хаттотӣ кардааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқон Абдурраҳмони Хоразмӣ китобатро соли 1436 оғоз намуда, охирин намунаи осори дастрасшудаи ӯ ба соли 1462 тааллуқ дорад. Сабк ва услуби хати настаълиқ, ки Абдурраҳмони Хоразмӣ истифода бурдааст, асосан дар Шероз паҳн шуда, сипас аз ҷониби дигар хаттотон идома ёфтааст. Таъсири сабки Абдурраҳмони Хоразмӣ ба ҳунари хаттотӣ ва хушнависии Эрон то ба ҳадде будааст, ки ҳатто дар замони ташаккули мактаби нави настаълиқнависон дар Ҳирот ва шаҳрҳои дигари Хуросони он рӯзгор услуби Абдурраҳмони Хоразмӣ ҳамчун хати намуна ҳифз шудааст. Бино ба ақидаи Қозӣ Аҳмад («Гулистони ҳунар») Абдурраҳмони Хоразмӣ дар Шероз устоди ягона ва беназири хати настаълиқ будааст. Сабк ва услуби хаттотии Абдурраҳмони Хоразмӣ ба инкишофи ҳунари настаълиқнависии Шероз ва Ҳирот таъсири босазое гузоштааст.

  • Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л., 1947;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1998;
  • Ашрафӣ М., Миниатюра: От Бехзода до Ризай-и Аббаси, Д., 2011.