Jump to content

Абдусамад Эрмуҳаммедов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусамад Эрмуҳаммедов
Абдусамад Норматович Эрмуҳаммедов
Таърихи таваллуд 30 март 1962(1962-03-30) (62 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳристон, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор мактаби МТУ №35 ноҳияи Шаҳристон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Абдусамад Норматович Эрмуҳаммедов (тав. 30.03.1962) ноҳияи Шаҳристон, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1984 ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Ихтисос муаллими забон ва адабиёти ӯзбек.

Солҳои 1984-1989 — Омӯзгор дар мактаби МТУ №35 ноҳияи Шаҳристон.

Солҳои 1989-1992 — Муаллими кафедраи методикаи тарбияи коммунистӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров .

Солҳои 1992-2001 — Муаллими кафедраи адабиёти ӯзбек факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2001-2006 — Сармуаллими кафедраи адабиёти ӯзбек факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2006-2010 — Дотсенти кафедраи адабиёти ӯзбек факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 1999-2009— Муовини декан оидба корҳои таълим, тарбия ва ғоибона факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2012-2016 — Дотсенти кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он-и дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Аз сентябри соли 2016 то ҳоло- Дотсенти кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]