Абдуқодири Ноӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуқодири Ноӣ
Абдуқодир Исмоилов
Таърихи таваллуд 1888
Зодгоҳ шаҳри Конибодом
Таърихи даргузашт 1951
Пеша(ҳо) мутриб

Абдуқодир Исмоилов (машҳур ба Абдуқодири Ноӣ, с.тав. 1888, в. Конибодом, с.ваф. 1951, ш. Тошканд), мутриб, Ҳунармандии мардумии ҶШС. Ӯзбекистон (1941), намояндаи машҳури ҳавзаи иҷроии Конибодом ва Тошканд. Мусиқиро (найнавозӣ) дар муҳити хонаводагӣ, аз падараш Исмоили Ноӣ (1847-1904) омӯхтааст. Абдуқодир Исмоилов аз бузургтарин найнавоз маҳсуб шуда, ҳатто с. 1908 дар ҳамкорӣ бо устодони мусиқӣ Содирхон, Қорӣ Ҳамроҳ, Ҳофизи Мадумар ва диг. намунаҳои баргузидаи «Ёвонӣ»-ро сабти громофонӣ намудааст. Тавассутӣ ӯ оҳангҳои «Тановар», «Чоргоҳи ёвонӣ», «Дугоҳ», «Мирзодавлат», «Аҷам» ва ғ. иҷро ва сабт шудаанд. Абдуқодир Исмоилов бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Тамарахонум, Аҳмадҷони Қӯшноӣ ва диг. дар таъсиси театри сайёр дар води Фарғона саҳм гузошта, солҳои (1923-1927) дар ҳайати устодони мусиқӣ ба Русия сафарҳои ҳунарӣ намуда ва с. 1928-1935 дар Институти хореография ва мусиқӣ (Самарқанд), театри мусиқии Тошканд хидмат карда, иштирокдори Олимпиадаи умумиитти-фоқии театрҳо (1930, Москва), ҷашнвораи байналмилалии рақс (Лондон, 1935), Даҳаи адабиёт ва санъати ҶШС Ӯзбекистон (Москва, 1937) буда, шо 88 гирдони зиёдеро (С. Калонов, Қодиров А., Соатқу-лов Д. ва диг.) тарбия кардааст. Абдуқодир Исмоилов барои хидматҳояш дар рушди мусиқӣ ба ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1945), нишону Ифтихорномаҳои ҶШС Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алимбаева К., Ахмедов М. Народные му-зыканты Узбекистана, Таш., 1959;
  • Таджикская музыка, Д., 2003;
  • Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Д., 2009. - с. 88 ISBN 978-99947-49-13-3