Jump to content

Абдуҳамид Ҷӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуҳамид Ҷӯраев
Абдуҳамид Ҷӯраев
Таърихи таваллуд 10 октябр 1932(1932-10-10)
Зодгоҳ шаҳри Исфара
Таърихи даргузашт 2005(2005)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ theory of differential equations[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Иля Векуа[1]
Шогирдон Juma Kholovich Safarov[d][1]
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнок", "Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин", Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон

Ҷӯраев Абдуҳамидриёзидон, доктори илмҳои физика ва математика (1967), профессор (1969), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1969), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон.

Баъди хатми УДТ (1956) муаллими ҳамин донишкада, ходими калони илми, мудири шуъба ва муовини директори Институти физика ва техникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, директори Институти математика ва Маркази ҳисоббарории АИ ҶШС Тоҷикистон (1973-1987), мудири шуъбаи Институти мазкур (1987).

Мероси илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадқиқоти Ҷӯраев А. ба назарияи муодилаҳои дифференсиали оиданд. Ӯ усули тадқиқи масъалаҳои умумиии канориро барои муодилаҳои навъи эллипсии коэффитсиентҳояш ғайритаҳлили таҳия кард. Назарияи масъалаҳои канориро барои системаи муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии навъи таркиби дар соҳаҳои маҳдуди ҳамвори кор карда баромад. Бори аввал назарияи системаи муодилаҳои интегралиро аз рӯйи соҳаҳои бисералоқаи маҳдуд таҳия намуд. Барои системаи муодилаҳои дифференсиалии навъи эллипси гузориши дурусти масъалаҳои корректиро пешниҳод ва назарияи ин гуна масъалаҳоро таҳия кард. Масъалаҳои канориро барои системаҳои муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии бисёрченаи ғайриклассики омeхта, ба натиҷаҳои муҳими илми соҳиб гардид ва татбики онҳоро дар физикаи математики дарёфт.Тарзу услуб ва роҳҳои тамоман ғайричашмдошти тадқиқи муаммоҳои печидаи илми риёзиро кор карда баромад, ки онҳоро ба роҳҳои анъанавию классикии риёзиёт кушодан имкон надорад. С-ҳои 90-ум дар ҳамкори бо профессор Г.Бегер назарияи масъалаҳои канори барои аз нав муайян намудани шабакаи эллиптики, ки дар онҳо назарияи функсияҳои бисёр муҷтамеъҳои тағйирёбанда ба тадқиқ кашида мешаванд, ба вуҷуд оварда шуд. С. 1997 тадқиқу эътибори Ҷӯраев А. ба кушоишпазирии шабакаҳои эллиптикии дар ҳудуди соҳа хосияти сингуляторидошта нигаронида шуда, ӯ барои дарёфти шарти кушоиши шабакаҳои эллиптикии усули якум uояи масъалаи Дирихлеро пешниҳод кард. Ҷӯраев А. муаллифи панҷ китоб ва мақолаҳои бешумор мебошад, ки дар нашриёту маҷаллаҳои бонуфузи ҶТ, Русия, Англия, ИМА, Олмон бо забонҳои руси, англиси, олмони ва ғ. чоп шудаанд.

Сафару унвонҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Декабри с. 2001 Ҷӯраев А. дар анҷумани умумиxахони ба ифтихори 100-солагии Нобел бо маърӯзаи илми аз рӯйи кашфиёти нави худ суханрони намуд. Раиси ҷамъияти риёзишиносони Тоҷикистон, узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷалаи байналхалқии таҳлили комплекси (ИМА, Инглистон), узви ҳайати таҳририяи маҷалаи байналхалқии Апликейбл (ИМА) буд. Узви Раёсати созмони байналмилалии Исаак, доктори ифтихории Донишгоҳҳои Кембриҷ (Инглистон), Берлин, Штутгард, Дармштат (Олмон), Хелсинки (Финляндия), Брюссел (Белгия), ИМА, Австрия буд.

Ҷоизаҳо ва мукофот

[вироиш | вироиши манбаъ]